18:51 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
505021

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, маҳдудиятҳо дар пешниҳоди барқро дар кишвар шарҳ дода гуфт, кай он бардошта мешавад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар як суҳбати ихтисосӣ бо рӯзноманигор Далери Имомалӣ гуфт, корҳои профилактикӣ дар кишвар қариб пурра ба анҷом расида, пас аз 4 ё 5 рӯз барқ доимӣ мешавад.

Номбурда гуфт, дар кишвар маҳдудияти барқ аз 17 январи соли 2017 лағв шуда буд ва ҳоло танҳо давоми сол корҳои таъмирӣ мешаванду бас.

Ӯ сабаби асосии дароз кашидани корҳои профилактикиро ба пандемия рабт дод, ки бо сабаби он марзҳо баста шуданд ва лавозимоти зарурӣ барои таъмир, ки аз хориҷа ворид мегардад дер дастрас шуданд.

Намояндаи “Барқи тоҷик” ба суоли он ки чаро дар кишварҳои хориҷ чунин корҳоро тавре анҷом медиҳанд, ки мардум хабар намеёбаду дар мо не, гуфт, дар он давлатҳо нерӯгоҳҳои обӣ нестанд.

Ба гуфтаи ӯ аксар таҷҳизоти нерӯгоҳҳои кишвар бозмондаи замони Шӯравиянд, ки ба таъмир ниёз доранд.

Мо ҳануз ба истиқлолияти энергетикӣ нарасидаем ва то он замоне, ки мардум истифодаи оқилонаи онро ёд нагирад, нахоҳем расид, гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Номбурда гуфт, бо танқиду, ҳақорат кардани "Барқи тоҷик" бо барқ таъмин намешавем, аз ҳамин лиҳоз мо бояд маърифати энергетикиро дар ҷомеа баланд бардорем ва он чизе, ки истеҳсол мекунем ба он эҳтиром гузорем.

Зимистон фаро расид, аммо барқ нест: таъмири “Барқи тоҷик” кай ба анҷом мерасад?

Сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” овозаҳо дар бораи фурӯши барқ ба хориҷаро рад карда гуфт, ҳоло ба ягон кишвари хориҷ содир намешавад. Танҳо дар фасли тобистон ҳангоми зиёд шудани барқ содир мешавад.

Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба хориҷ 50,2 миллион доллар гирифт 

Ҷаноби Ёдгорӣ ҳамзамон аз камбуди об дар обанбори Норак, ки танзими яксоларо дорад ёдовар шуда гуфт, дар сурати бунёди пурраи "Роғун" чунин мушкил нахоҳад буд, зеро он бо нақшаи танзими чандсола бунёд мешавад.

Барчаспҳо:
Барқи тоҷик, лағви "лимит", барқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ