Дар Бӯстон гурӯҳҳои таблиғотӣ ба мардум аз сарфакорона истифода кардани барқ гуфтанд

© Pixabay / Bru-nOЛампы, архивное фото
Лампы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Бӯстон 7 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони соҳаҳои гуногун таъсис ёфта, ба мардум муроҷиати "Барқи тоҷик" ва ҳамзамон дастури Ҳукумати кишварро мерасонанд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Муроҷиатномаи ширкати "Барқи Тоҷик" дар мавриди сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдан аз ҳар киловатт – соат неруи барқро ба мардуми шаҳри Бӯстон гурӯҳҳои таъсисдода, расонданд, хабар медиҳад котиботи раиси шаҳри мазкур.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи Тоҷик" аз мардум узр хост: аз фардо лимит бардошта мешавад

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони соҳаи идеологӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шабакаҳои барқӣ, нозирони минтақавии милитсия, кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолон иборат мебошад.

Зимнан, рӯзи гузашта раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода машварати корӣ доир намуд, ки дар ҷараёни он нахуст оид ба рушди босуботи соҳаи энергетика ибрози назар кард.

"Бо ҳақорат барқ таъмин намешавад": "Барқи тоҷик" гуфт, кай "лимит" бардошта мешавад-видео

Зикр гардид, ки дар сохторҳои энергетикии кишвар тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ гардид.

Ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ дастур дода шуд то баҳри ба самъи аҳолӣ расонидани муҳтавои муроҷиатномаи мазкур ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи нерӯи барқ ҳамарӯза аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0