14:38 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
436 0 0

Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, имсол захираҳои обиву энергетикӣ хеле маҳдуд аст, чун тибқи арзёбии мутахассисон захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад

ДУШАНБЕ 14 дек - Sputnik. Масъулини “Барқи тоҷик” гуфтаанд, мутаассифона, миёни сокинон нафароне ёфт мешаванд, ки то нозирон  ба хонаашон  5-6 маротиба  рафта, аз онҳо хоҳиш накунанд, онҳо пули  истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намесозанд.

"Онҳо ба талафоти барзиёди нерӯи барқ роҳ дода,  ба болои ин, бо назоратчиёни барқ  муомилаи дурушт  мекунанд", - навиштааст “Ховар” аз қавли масъулини  ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” зимни суҳбат аз камбуди нерӯи барқ гуфтааст, барои сохтани иқтидори нав қувва, маблағ, вақт лозим меояд. Ӯ афзуд, вақт ба фоидаи мо нест, чунки иқтидорҳо дар як ё ду сол сохта намешаванд ва аз дараҷаи афзоиши талабот қафо мемонанд.

"Роҳи дуюм-ин сарафакорона истифода бурдани неру буда, наздиктарин ва осонтару арзонтар аст.Имрӯз ҳар фарди сайёра барои истифодаи мақсаднок ва самараноки неруи  барқ масъул буда, доштани  маърифати баланди энергетикӣ роҳи ягонаи пешгирии истифодаи ғайримақсадноки неруи барқ мебошад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ, ки боиси камбориш омадани фаслҳои тирамоҳу зимистони  солҳои 2019-2020 гардид, оби обанбори Норак то 17 метр кам гардида буд”, - афзудааст “Ховар” аз қавли Ёдгорӣ.

Ӯ афзудааст, ки сарфакорӣ аз гӯшаи маърифат аст, пас агар шахс бомаърифату бофарҳанг бошад, он гоҳ дар зиндагӣ сарфакор ва сарфаҷӯ мешавад.

“Ҳамчунин пардохти ҳаққи истифодаи барқ ва сарфакорона истифода бурдани он нишонаи  фарҳанги баланд ва бовиҷдонии ҳар инсон аст”, - таъкид намуд Нозирҷон Ёдгорӣ.

Барчаспҳо:
сарфакорӣ, ширкати "Барқи тоҷик", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ