00:41 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
3135 0 0

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон зимни як ҷаласа бо намояндагони ин ниҳод ва масъулони соҳаи энергетика ва ширкати “Барқи Тоҷик” дар минтақаи Хатлон дастур додааст, ки барои ошкорсозии “барқдуздҳо” санҷишҳо гузаронида шавад

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Рамазон Раҳимзода таъкид кардааст, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории таъсисдодашуда низоми истифодабарии қувваи барқ аз тарафи ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон санҷида шаванд.

“Чунки дар баъзе минтақаҳо кормандони барқ барои исрофкорӣ ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ беҳисобкунаки барқӣ даст доранд ва баъзе муштариён аз барқ қарздоранд”,-афзудааст, номбурда.

Ба иттилои манбаъ, баъди таъсис додани гурӯҳҳои корӣ истифодабарии қувваи барқ аз ҳисоби сарфакорӣ 10-20% коҳиш ёфтааст.

Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати риояи низоми истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқ, ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа мерасад ва сабабгори вайрон шудани танзими таъминот бо неруи барқ мегардад ва пардохти саривақтии маблағи барқ ба масъулини соҳа як қатор даструр супоришҳои мушаххас додааст.

Раҳмон аз таъмини барқ гуфту ба сокинон ҳушдор дод: "лимит" ҷорӣ мешавад, агар...

Ёдовар мешавем, дар пайи дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи корӣ оид ба фаҳмондадиҳӣ барои истифодаи оқилонаи барқ ва ошкорсозии дуздии он ташкил шуд, ки роҳбарии онро Вазири корҳои дохила ба зима дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ