01:34 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
353 0 0

Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар шаҳри Турсунзода бо ҷалби муовинони раиси шаҳр, мудирони бахшу шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дину раисони маҳаллаҳо 16 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Корманди шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода Абубакр Абдураҳимов таъкид доштааст, ки ҳамаи кормандони шабакаҳои барқ ба 16 гурӯҳи кории мақомоти иҷроия аъзо мебошанд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки махсусан 90 нафар назоратчиёни шабакаҳои барқ ҳамарӯза дар байни аҳолӣ ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ машғуланд.

“Гурӯҳҳои корӣ дар байни  аҳолӣ вобаста ба истифодаи сарафакоронаи барқ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муштариён ҷиҳати пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, пешгирӣ намудани сарфаи зиёди барқ, истифодаи фурӯзонакҳои тафсону баландшиддат ва асбоби гармидиҳандаи ғайристандартӣ дар манзилҳои истиқомативу маҳаллаҳои аҳолинишин, муассисаву ташкилот  ва  корхонаву идораҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд”, - зикр кардааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов қайд кардааст, ки “дар ин  фасли сармо бояд ҳар оила, ташкилоту муассиса ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд”.

Манбаъ зикр кардааст, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр нуқтаи фурӯши ангишт ва дигар маводи сӯзишворӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд қайд кард, ки Эмомалӣ Раҳмон санаи 15 декабри соли равон зимни машварати корӣ дастур дод, ки дар ҳар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ оид ба ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ миёни  мардум барои истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шаванд.

Барчаспҳо:
исрофкорӣ, барқ, Турсунзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ