07:28 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
145901

Чор соли пеш президент Эмомалӣ Раҳмон эълон карда буд, ки дар Тоҷикистон лимит ё маҳдудияти интиқоли барқ ба пуррагӣ бардошта мешавад. Аммо аз рӯз 5 январ, ширкати "Барқи тоҷик" дигарбора расман ин маҳдудиятро эълон кард

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Маҳдудияти интиқоли барқ аз солҳои 90 – уми асри гузашта то 14 январи соли 2017, рӯзи эълони лағви он аз сӯи Президенти Тоҷикистон, аз ду то 18 соат буд ва тамоми кишвар, ҳатто пойтахт – шаҳри Душанберо фаро мегирифт.

Ин навбат аз соати 23 – и шаб то 6 – и субҳ, ба ҷуз баландманзилҳо, дигар мавзеву маҳалли кишвар барқ хоҳанд дошт. Расман маҳдудият ба 17 соат поён меояд ва баёнгари як вазъе бадтар аз чор соли пеш, албатта, барои қисме аз аҳолӣ аст.

"Барқи тоҷик", танҳо ширкати истеҳсол, интиқол ва фурӯши барқи Тоҷикистон, сабаби пеш омадани чунин вазъ ва далели бозгашти дубора ба маҳдудияти интиқоли барқро зимни як муроҷиатномаи расмӣ "камшавии  захираҳои об" унвон кард.

Аз куҷо ба куҷо?

Ин гапи нав набуд. Ҳанӯз охири моҳи июл ширкати "Барқи тоҷик" аз коҳиши оби обанбори Норак, бузургтарин захирагоҳи обии Тоҷикистону минтақа, хабар дод ва ҳамон замон ҷо-ҷо барқро қатъ кард. 3 октябр ин ширкат хабар дод, ки обанбори Норак пур шуда, дигар лимити барқ таҳдид нахоҳад кард.

Моҳи ноябр аз саросари кишвар хабарҳо дар бораи маҳдудияти ғайрирасмии интиқоли барқ дарҷ карданд, ки "Барқи тоҷик" онро ба таъмири нерӯӯгоҳҳои бузург, аз ҷумла "Норак" рабт дод. Аммо ин ширкат 10 декабр аз мардум узр пурсид ва эълон кард, ки интиқоли барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мешавад.

Кӣ шикоят дорад? “Барқи тоҷик” баъди "лимит" телефонҳои боварашро фаъол кард

Аммо дар ҷаласаҳои сатҳи боло, ки маъмулан аз назари расонаҳо дур мемонданд, гапу ҳарф дигар буд. Ҳукумати Тоҷикистон тамоми нерӯи таблиғотӣ, ҳатто вазирону раисонро ба вилоятҳо эъзом кард, то мардумро ба сарфаи барқ ва "фаҳмонидани вазъ" ташвиқ кунанд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон 18 декабр дар мулоқоти сарони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулфаномеъ аз паёмадҳои гармшавии иқлим, ки обшавии пиряхҳову коҳиши захираҳои об ва селу хушксолиҳо дар пай дошт, сухан ронд. Манзараи мушкилие, ки рӯз ба рӯз шаклашро пурра мекард, шояд дар суханони муовини сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид барҷаста шуд. Ӯ дар расми ифтитоҳи як зеристгоҳе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, таърих ин гуна камбуди обро на фақат дар Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ, ёд надорад.

Ин ҳама нигарониву талошҳо дар ниҳоят ба авҷи худ расиданд, на фақат дар Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ. 5 январ дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ эълон шуд. Шоми ҳамон рӯз дар низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ садама рух дод, ки дар пайи он баъзе манотиқи Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бебарқ ​​монданд.

Аввалин бор...

Рӯзи 3 июл, вақте Sputnik Тоҷикистон аз муриши бесобиқаи ҳайвоноти хонагии сокинони ноҳияи Ванҷ, ҷое, ки пиряхи Федченко - "модари дарёи Вахш" доман паҳн кардааст, гузориш мекард, яке аз ҳамсуҳбатон гуфт, ки имсол аз пиряхҳо об кам меомад ва мо бояд ин фоҷиаро пешбинӣ мекардем...

Зарурати ногузир: шарҳи "Барқи тоҷик" аз ҷорӣ шудани "лимит" дар минтақаҳои Тоҷикистон

Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳанӯз дар миёнаҳои тобистон тағйири бесобиқаи ҳаво дар баландкӯҳҳо мушоҳида мешуд ва аз нимаи дуюми моҳи декабр сардиҳое ба Помир омаданд, ки назирашон дар 80-90 соли ахир дида нашуда буд ва аввалин бор (дар Булункӯл) ҳаво ба 54 (ҳоло 59) дараҷа манфӣ расид.

"Ҳоло ба Осиёи Марказӣ, ҳатто Қафқозу шимоли Афғонистон, ба истилоҳ, ҳавои сибирӣ омадааст. Дар баландкӯҳҳои аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр боло, бахусус маҳалли ҷойгирии пиряхи Федченко (беш аз 6 ҳазор метр), ҳанӯз аз нимаи тобистон сардии ғайримуқаррарӣ эҳсос мешуд. Обшавии пиряхҳо аз моҳи сентябр коҳиши ҷиддӣ дида буд. Ҳоло сардӣ шабона аз 20 дараҷа боло рафта, обшавии пиряхро қатъ мекунад. Рӯзона обшавӣ имкон дорад, аммо на ба дараҷаи кофӣ", - гуфт Ҷамила Байдуллоева.

Зимнан, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, танҳо қаламрави Тоҷикистон буд, ки тайи 30 соли ахир бебарқиро таҷриба накарда буд. Имсол "қадами номуборак" – и он ба ин вилоят низ расид.

Об кофӣ нест...

Дар ҳамин ҳол, мутахассисини соҳаи энежии об мегӯянд, ин яхбандии бесобиқа тӯлонӣ нахоҳад буд. Баҳром Сироҷов, собиқ раиси "Тоҷикэнерго" (ҳоло “Барқи тоҷик”) ва аз мутахассисони матраҳи барқи Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сардии бесобиқаи имсол дар қиёс бо солҳои пешин оби дарёи Вахшро 80% коҳиш додааст.

"Соли гузашта барф кам борид ва захираҳое, ки бояд об мешуданд, кофӣ нестанд. Ду моҳи дигар бояд интизор шуд. Моҳи март пас аз об шудани барфу резиши борон вазъ ба эътидол хоҳад омад", - гуфт Баҳром Сироҷев.

Тибқи охирин иттилое, ки Sputnik Тоҷикистон аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ба даст овард, истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон низ соли гузашта коҳиши ҷиддӣ дидааст.

Бино ба маълумоти Агентӣ, тайи 11 моҳи соли гузашта дар кишвар 17 миллиарду 729,1 киловат-соат барқ тавлид шудааст, дар ҳоле ки ин рақам дар ин давраи соли гузашта 18 миллиарду 728,9, қариб 1 миллиард бештар киловат - соатро ташкил медод ва қисмати умдаи тавлидот – 16 миллиарду 367,2 киловат-соат ба нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ, бақияро марокизи гармидиҳӣ рост меояд.

Шикояти сокинон аз “лимит”-и баҳорӣ ва хомӯшии “Барқи тоҷик”

Баҳром Сироҷев мегӯяд, талоши ҳукумат ва дар умум сокинони кишвар бояд ба ин равона гардад, ки дар масрафи обу барқ аз эҳтиёт кор гиранд ва захираҳоро дуруст мудирият кунанд.

Аз маҷмӯаи иттилооти дар ин миён ҷамъшуда метавон ба ин хулоса расид, ки умдатарин мушкили рӯзҳои мо – коҳиши захираҳои об ва дар пайи он тавлиди барқ аз дербоз пухта мерасид ва ахиран ба нуқтаи ниҳоии худ расид. Он чӣ, ки дигарбора ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кард, чораи ниҳоӣ – маҳдудияти интиқоли барқро эълон дорад.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, лимити барқ

Мавзӯъҳои асосӣ