22:50 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0

Яке аз таваккалҳои калидӣ ин лағви таҳримҳо алайҳи Эрон дар аҳди Байден мебошад, ки метавонад баррелҳои эрониро ба бозори ҷаҳонӣ орад

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Наталя Дембинская. Нархи нафт дар сатҳи баландтарин тайи ҳашт моҳи охир аст.  Ин вокуниши бозор ба хабари ваксина ва қарори ОПЕК + мебошад. Таҳлилгарон эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ, лағви маҳдудиятҳо ва афзоиши талабот ба тиллои сиёҳро интизор мебошанд. Дар мавриди он ки нархи нафт дар соли равон то чӣ андоза метавонад баланд шавад, РИА Новости матлаб таҳия кардааст.

Беҳбудии мӯътадил

Соли 2020 бозори ҷаҳонии нафт якчанд мавҷи коҳишро аз сар гузаронд. Маҷмӯи омилҳое, аз қабили истеҳсоли аз ҳад зиёди нафти хом, коҳиши шадиди талабот, инчунин пандемия ва маҳдудиятҳои густарда ба ин поинравӣ оварда расонданд. Танҳо дар моҳи март нархи нафт беш аз ду баробар поин рафт.

Аммо, дар охири тирамоҳ, бозор як такони қавӣ гирифт - хабари озмоишҳои бомуваффақияти ваксинаҳои Ғарб, натиҷаи интихоботи президентии ИМА. Ҷо Байден ҷонибдори технологияҳои сабз аст ва ба фарқ аз Доналд Трамп, соҳаи нафти Амрикоро дастгирӣ карданӣ нест. Мубориза бо коронавирус шиддат мегирад бо мурури замон муваффақтар мегардад. Reuters бар ин аст, ки талабот ба нафт дар соли 2021 боло хоҳад рафт.

Бо вуҷуди хушбиниҳо вазъ дар бозори нафт ҳамоно номуътадил аст. Ожонси байналмилалии Fitch барқарорсозии талабот ба нафтро танҳо дар сурати эмкунии фаврии аҳолӣ пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи таҳлилгарон беҳбудёбии вазъ муътадил хоҳад буд.

ОПЕК + дар ҳайрат гузошт

Дар аввали моҳи декабр, кишварҳои эътилофи ОПЕК + тасмим гирифтанд, ки истеҳсолотро дар моҳи январ то 500 ҳазор бушка дар як рӯз афзоиш медиҳанд. Истеҳсолоти минбаъда дар вохӯриҳои ҳармоҳаи вазирон муайян карда мешавад. Бо вуҷуд, мӯҳлати амали созишномаҳои нав муқаррар карда нашудааст. Нархҳо  ба баландтарин нукта дар ҳашт моҳ расиданд. Brent ба 50 доллар барои баррел наздик шудааст. Рубл ҳам то андозае мустаҳкам шуд.

Қарори ОПЕК + ғайричашмдошт ба назар мерасад, чун мавҷи дуввуми пандемия ҳанӯз ба поён нарасидааст ва талабот хеле оҳиста барқарор мешавад. Аммо, афзоиши мувофиқашуда танҳо чоряки онест, ки дар моҳи январ дар назар аст. Барои бозигарон ин як ишора аст, ки эътилоф ба эҳёи бозор умед мебандад ва ҳамзамон омода аст, ки тавлидотро ҳар лаҳза маҳдуд кунад.

“Созиш дар он аст, ки мо мунтазам бо қадамҳои баробар истихроҷи нафтро дар сатҳи пешбинишуда дар созишнома барқарор мекунем. Умед дорам, ки ин дар давоми семоҳаи аввал амалӣ хоҳад шуд”, - тавзеҳ дод ноиби нахуствазири Русия, Александр Новак.

Вазъи норӯшан

Таҳлилгарон мегӯянд, афзоиши мунтазами тавлидот, ки ОПЕК+ тасдиқ кардааст, ба фоидаи Русия мебошад, чун тавони эҳёи фавтии истеҳсолотро ба далели инфрасохторӣ надорад. Аммо дар аввали сол талаботи нафт ба бозор метавонад барзиёд шавад.

“Дар моҳи апрел истеҳсоли нафт ба андозаи ду миллион баррел дар як шабонарӯз афзоиш хоҳад ёфт, дар ҳоле, ки тибқи пешгӯиҳо талабот ба нафт дар семоҳаи дуюм то 96,1 миллион баррел пешбинӣ мешавад. Зиёд будани пешниҳод нисбат ба талабот ба ин маъност, ки баландтарин нархи навъи Brent дар панҷмоҳаи наздик моҳи декабр буд”, - мегӯяд Евгений Миронюк, таҳлилгари "Фридом Финанс".

Дар ин ширкат нархи нафтро дар давоми сол дар ҳудуди 40-60 доллар пешгӯӣ мекунанд, ки аз эмкунӣ ва лағви маҳдудиятҳои фаромарзӣ вобаста мебошад.

Бо вуҷуд, ҳаводиси ғайричашмдошти нохуше метавонанд вазъро тағйир диҳанд. Чун на ҳама тавлидгарони нафт шомили эътилоф мебошанду ҳеч монеае барои зиёд кардани истихроҷ надоранд.

Масалан, ИМА тавлиди нафт дар моҳҳои охирро ба миллион баррел зиёд карданд.

“Бо такя ба ин дар семоҳаи аввал нархи нафт метавонад то 40-42 доллар поин равад ва баъдан вобаста ба баромади абарқудратҳо аз пандемия хоҳад буд”, - таъкид намуд таҳлилгари QBF, Олег Богданов.

“Дурнамои нархи нафт дар соли 2021 ҳудуди 37-42 доллар сари як баррел ба назар мерасад. Ба нарх пандемия ва пайомадҳои он, талоши эҳтимолии кишварҳои ОПЕК+ барои зиёд кардани истихроҷ барои пур кардани буҷаҳои худ таъсир мерасонад”, - гуфт Владимир Волков, мудири хазинадории РГС Банк.

То шаст

Аз ҷониби дигар бонкҳои пешсафи амрикоӣ болоравии нархи нафтро то 60 доллар пешбинӣ мекунанд. Goldman Sachs ҳато аз 65 мегӯяд. Бо вуҷуд дар зимистон истифодаи нафт ба се миллион баррел дар як шабонарӯз коҳиш меёбад. Ин камшавиро талабот ба гармидиҳӣ ва хариди Чин ҷуброн мекунад.

“Аммо мушкилоти зимистон, чун мавҷи дуюми коронавирус - танҳо монеаҳои ночизе дар роҳи муътадилшавии бозори нафт мебошанд”, - навиштаанд таҳлилгарон.

Bank of America (BofA) болоравии нархи нафти навъи Brent-ро то 60 доллар то охири нимсолаи аввал пешбинӣ мекунад. Таҳлилгарон лағви маҳдудиятҳои фаромарзӣ дар пайи эмкунии оммавӣ дар Ғарбро интизор доранд.

Талабот ба маводи сӯхт, ки нисфи истифодаи нафтро ташкил медиҳад, камбуди мол дар бозор ба андозаи 1,6 миллион баррел дар як шабонарӯзро ба вуҷуд меорад, изҳор доштанд дар BofA. Анборҳои тиҷоратиро, ки ҳудуди 1 миллиард баррел захира доранд, кушода мешавад. Нархи миёнаи нафт дар соли равон ба 50 доллар сари баррел баробар хоҳад шуд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки яке аз таваккалҳои калидӣ ин лағви таҳримҳо алайҳи Эрон дар аҳди Байден мебошад, ки метавонад баррелҳои эрониро ба бозори ҷаҳонӣ орад.

Барчаспҳо:
нарх, иқтисод, Аврупо, Русия, нафткаш

Мавзӯъҳои асосӣ