02:56 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
180410

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои ду фармон лоиҳаи созишномаҳои грантӣ бо Бонки осиёии рушдро тасдиқ карда, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар онҳоро имзо намуд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бар асоси фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, созишномаҳои ҷадиди грантӣ бо Бонки осиёии рушд соҳаи нақлиёту энергетикаро фаро мегиранд.

Тибқи иттилои Вазорати молия, як созишномаи грантӣ “Барномаи рушди соҳаи энергетика”-ро дар бар мегирад.

“Дар маҷмуъ, маблағи умумии Барнома 105 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 70 миллион доллар барои кам намудани талафоти энергияи барқ тавассути ҷорӣ намудани низоми муосири назорат ва ҳисоби нерӯи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара равона карда мешавад”, - иттилоъ дод Вазорат.

Манбаъ афзуд, ки 15 миллион доллар барои идоракунӣ дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва 20 миллион доллар барои дастгирии Буҷети давлатӣ равона карда мешавад.

Таъкид шудааст, ки дар доираи қисмати кам намудани талафоти нерӯи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара насби зиёда аз 398 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқӣ, 1692 километр ноқилҳои гуногуншиддати барқӣ, 264 адад трансформатори гуногуншиддат, ҷорӣ намудани низоми назорат ва ҳисоби нерӯи барқ ба нақша гирифта шудааст.

Вазорат таъкид кард, ки татбиқи Барномаи мазкур соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
роҳ, энергетика, грант, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ