03:25 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
2117 0 0

Шодӣ Шабдалов мегӯяд, ки роҳи ҳалли камбуди барқ ​​дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ на нерӯгоҳи "Роғун", балки пайвастани шабакаи барқи ин минтақа ба Русия аст

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Шахсияти сиёсӣ ва коршиноси умури энержӣ Шодӣ Шабдолов бовар дорад, ки ҳатто ба баҳрабардорӣ расидани нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" мушкили норасоии барқро дар ин кишвар ҳал намекунад.

Шодӣ Шабдолов мегӯяд,"бо тавваҷӯҳ ба нархи болои рушди ҷамъияти Тоҷикистон, сохти корхонаҳои ҷадиди саноатӣ, тӯлонӣ будани замони баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи Роғун ва сохти нерӯгоҳҳои кӯчак, дар солҳои наздик наметавон ба буҳрони камбуди барқ дар кишвар поён дод", - менависад "Парс тудей" аз қавли радиои "Садои Хуросон".

Вай меафзояд: "Акнун камбуди барқ на танҳо дар Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ эҳсос мешавад ва дар ояндаи наздик Русия ва Қазоқистон низ бо ин мушкил рӯ ба  рӯ хоҳанд шуд. Ба ин далел танҳо роҳи ҳалли мантиқии бӯҳрони камбуди барқ, пайвастани шабакаҳои барқи кишварҳои Осиёи марказӣ бо Русия аст, ки метавонад дар фаслҳои зимистон ва тобистон камбуди барқро ҷуброн кунад".

Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ низ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсия кардааст, ки мавзӯи ҳамгароӣ дар заминаи тавзеҳи барқро ҷиддӣ бигиранд ва дабирхонаи вижа барои баррасии наҳваи васл шудани шабакаҳои барқ дар минтақа таъсис кунанд.

Ба далели бӯҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон, манотиқи рустоии ин кишвар аз рӯзи 6 январ танҳо аз соати 6 - и субҳ то 23 - и шаб барқ доранду дар бақияи соатҳо маҳдудият барқарор мешавад.

Манбаъ афзуда, ки дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ акнун маҳдудияти барқ ба далели камбуди энержӣ оғоз шудааст.

Ёдрас мешавем, ки пештар Президенти Тоҷикистон зимни як мусоҳибаи маҷозӣ бо рӯзномаи "Аш-Шарқ", гуфт, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи "сабз" мебошад, метавонад аз муҳиматарин самтҳои ояндадори ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар бошад.

Кондратев: Тоҷикистон метавонад барқро аз кишварҳои ҳамсояаш бихарад

Раисиҷумҳури кишвар бунёди "Роғун" - ро муҳимтарин омили тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва дорои аҳаммияти минтақавӣ хонда, гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон алоқаманд аст, ки ба татбиқи ин тарҳ сармояи кишварҳои дӯст ва бародарро ҷалб намояд.

Барчаспҳо:
ҳал, роҳ, барқ, камбудӣ, Тоҷикистон, Шодӣ Шабдолов

Мавзӯъҳои асосӣ