01:57 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Лоиҳаи "Насби системаи неруи офтобӣ" нахустин бор дар Тоҷикистон дар ин гимназия роҳандозӣ гардида, имконият медиҳад на танҳо синфхонаҳову утоқҳоро бо барқи доимӣ таъмин намояд, балки дар фаъолияти худ неруи сабзро истифода бурда, дар пешбурди соҳа саҳм гузорад

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ду сол инҷониб дар мактаби таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Гимназияи ба номи Гёте"-и шаҳри Хуҷанд дар самти оқилонаву самаранок истифода бурдани неруи барқ ва инчунин истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия лоиҳае таҳти унвони "Истифодаи неруи алтернативӣ" ё худ "Насби системаи офтобӣ" амалӣ гардида истодааст.

Дар ин замина дар доираи роҳандозии лоиҳаи зерин моҳҳои ноябр-декабри соли 2020 аз ҷониби мутахассисони ҶДММ "Технологияҳои Сабз" (Green Technologies) дар шифти бинои гимназия таҷҳизоти офтобӣ насб гардида, давоми се рӯзи ҳафтаи равон аз тарафи мутахассисони ин ширкат барои як гурӯҳ омӯзгорону шахсони мутасаддӣ ва инчунин хонандагони синфҳои 9-10-и гимназия омӯзиши техникӣ оид ба мавзӯи "Манбаҳои алтернативии неруи сабз" гузаронида шуд.

Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад. 

Дар доираи баргузории омӯзиши техникӣ иштирокчиён бо барномаи ширкат, технологияҳову таҷҳизоти насбшуда, тарзи бадастоварӣ, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия бо бартариҳову дурнамои неруи офтобӣ шинос гардиданд.

Ҳамзамон омӯзиши таҷрибавӣ оид ба насби панелҳои офтобӣ ва пайвасти қисмҳои асосии шабакаи барқии офтобӣ ва бакордарории он гузаронида шуда, дар анҷоми омӯзишҳо ба ҳозирин сертификат ва либосҳои нави корӣ супорида шуданд.

Бунёди бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Мурғоб

Лоиҳаи "Насби системаи неруи офтобӣ" аввалин маротиба дар миқёси ҷумҳурӣ дар ин гимназия роҳандозӣ гардида, ба ин муассисаи таълимӣ имконият медиҳад на танҳо синфхонаҳову утоқҳоро, ки бо компютеру лавҳаҳои электронӣ ва системаҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз гаштаанд, аз хомӯшии ногаҳонии барқ ҳифз ва бо барқи доимӣ таъмин намояд, балки дар фаъолияти худ неруи сабзро васеъ истифода бурда, дар сарфаи барқ, пешбурди соҳаи неруи сабз ва равнақ додани иқтисодиёти мамлакат саҳм гузорад.

Барчаспҳо:
нахустин, нерӯгоҳи офтобӣ, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ