12:07 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
94 0 0

Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд мегӯянд, маъмурини милиса бо гуруҳҳои корӣ наздики 9 миллион сомонӣ қарздорӣ аз барқро ҷамъоварӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар натиҷаи фаъолияти дастаҷамъонаи ниҳодҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳолатҳои мавҷуд будани қарздорӣ ё истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид, хабар додааст "Ховар".

Манбаъ аз қавли Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки 4 гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара аз 10 декабр то 8 январ аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  рӯёниданд.

"Дар ин давра дар ноҳияи Мастчоҳ низ 4 гурӯҳи корӣ фаъолият бурда, зиёда аз 2 770 000 сомонӣ маблағи қарзӣ барқарор карда шуд. Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби 7 гурӯҳи корӣ қариб 2 500 000 сомонӣ маблағи қарзӣ ҷамъоварӣ гардид, ки он асосан қарздорӣ аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Дуздии барқ дар корхонаи давлатӣ ба маблағи беш аз 130 ҳазор сомонӣ

Қаблан бо мақсади ба аҳолӣ шарҳ додани муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати "Барқи тоҷик" барои сарфакорӣ дар навоҳии кишвар гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуданд. Ҳадафи ин иқдом инчунин пешгирии истифодаи нооқилонаву ғайриқонунии неруи барқ, арзёбӣ мешавад.

Феълан кори гуруҳҳои корӣ бо ҷалби масъулини ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла маъмурини милиса идома дорад.

Барчаспҳо:
гуруҳи корӣ, барқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ