Таъйиноти кадрии замони "лимити барқ": роҳбарони нави тақсимоти барқ дар Суғд киҳоянд?

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПортфель
Портфель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Билолзода Умед Ҳайдар, раиси ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" бо тасвиби чанд қарор, роҳбарони зерсохтори ин ниҳод дар вилояти Суғдро таъйин намудааст

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон ахиран бо қарори Билолзода, Исоев Порсо Садриддинович роҳбари филиали ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Хуҷанд таъйин шудааст.

Исоев дар ин мақом Рустам Пулотовро иваз намудааст. Пулотов аз моҳи апрели соли 2005 директори Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таъйин шуда буд. То омаданаш ба ин мақом Порсо Исоев муовини директор оид ба фурӯши барқ дар Шабакаҳои барқи Суғд кор мекард.

"Бо қарорҳои дигари Билолзода, Пулотов Рустам Рауфович роҳбари филиали ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар минтақаи Истаравшан ва Кароматулло Муллонаврӯзов роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар минтақаи Суғд таъйин гардиданд",- гуфт манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд.

Филиали ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар минтақаи Истаравшан тақсимоти барқ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич, Зафаробод, Спитамен ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов ва филиали ҶСК "Шабакаҳои барқ" - и Суғд шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бӯстон, Исфара, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро мегирад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури қатъии Раҳмон ба вазорат ва "Барқи тоҷик": нигаронӣ аз ҷамъоварии пули барқ

ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" ду сохтори навтаъсис дар назди ширкати "Барқи Тоҷик" ба ҳисоб меравад.

Моҳи ноябри соли 2020 бо қарори раисиҷумҳур Билолзода Умед Ҳайдар, роҳбари ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва Маҳмудзода Мирзо, роҳбари ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" таъйин шуда буданд. Дар умум дар миқёси кишвар 7 шабакаи тақсимоти барқ ва 40 шабакаи интиқоли барқ ҳисоб карда шудааст.

Пас аз чанд моҳи қатъ намудани интиқоли барқ, ахиран рӯзи 5 - уми январи соли ҷорӣ ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри як иттилоияи расмӣ аз шурӯъи дубораи "лимит" ё маҳдудияти барқ дар навоҳии кишвар расман эълон кард. Дар шарҳи эълони расмӣ "Барқи тоҷик", гуфт, ки вазъият ҷиддӣ буда, ҳаҷми захираи об дар рудхонаи дарёи Вахш ба таври қобили мулоҳиза поён шудааст ва хавфи норасии об то аввали баҳор эҳтимол дорад.

Кӣ шикоят дорад? “Барқи тоҷик” баъди "лимит" телефонҳои боварашро фаъол кард

"Ба ин хотир маҳдудияти барқрасонӣ аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад", - гуфта буд "Барқи тоҷик".

То эълони "лимит" - и барқ ин ниҳод қатъи интиқоли нерӯи барқро, ки амалан аз моҳи дуюми фасли тирамоҳи соли гузашта оғоз ёфта буд, аз гузаронидани таъмир дар хатҳои ҳавоии низоми барқрасонӣ шарҳ медод.

Лентаи хабарҳо
0