Вазорат: Тоҷикистон дар соли гузашта 24,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ кард

© Public domainНефтяные насосы, архивное фото
Нефтяные насосы, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Обуна шудан
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон кардааст, ки истихроҷи нафт нисбат ба соли қабли афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бино бар иттилои масъулини вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар соли гузашта 24,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019 1169 тонна зиёд мебошад.
Цистерны с топливом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2020
Русия соли оянд наздики 1 миллион тонна нафт бидун боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон медиҳад
Гуфта шудааст, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гаҳзи моеъ дар маҷмӯъ 1072 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки аз миқдор 652 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 420,579 ҳазор тонна гази моеъро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шудааст, ки барои таъминоти аҳолӣ бо гармӣ дар мавсими зимистон ва корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми 225 миллион кубометр гази табиӣ варид карда шудааст.
Қайд шудааст, ки дар соли равон бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи ҳукумати кишвар чоҳи нафтии №17и майдони Маҳрам бо чуқурии 4900 метр мавриди истифода қарор дода мешавад.
Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ дар бозори кишвар боқӣ мемонад. Инчунин, маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ва дигар кишварҳо интиқол дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0