15:19 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
272 0 0

Корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд”, “Қайроққум”, бунёди лоиҳаи “CASA- 1000” ва корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Себзор” ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома доранд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ҷумъа Далер, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки соли равон корҳои сохтмонии хати интиқоли барқи 500 кВ  “Роғун- зеристгоҳи конвертории Сангтӯда” ва корҳо дар самти кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири бахисобгирии неруи барқ дар  шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияҳои Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз меёбанд.

“Бояд гуфт, ки дар доираи қисматҳои лоиҳаи минтақавии CASA-1000  корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, сохтмонӣ, иҷрои чорабиниҳои иҷтимоию экологӣ ва таҳияи нақшаи муҳоҷиркунонӣ идома дода шуданд”, - гуфт вазир.

Вай ҳамчунин илова кард, ки дар доираи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ корҳои заминию бетонӣ ва сохтмонию васлу насби конструксияҳо идома дода шуда, ҳамчунин то ин муддат як қатор молу таҷҳизоти зарурӣ ба мамлакат ворид карда шуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об Ҷумъа Далер, зикр кард, ки ҳоло барои ҷорӣ намудани механизмҳои муосири ҳуқуқӣ оид ба танзими соҳаи об ва пешбурди сиёсати обӣ дар мамлакат Кодекси оби Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои то соли 2030 таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардидааст.

Вай гуфт, дар фурсати наздиктарин он ба Ҳукумати Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда  мешавад.

Барчаспҳо:
таҷдид, сохтмон, НБО, Норак, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ