21:52 05 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
207201

Дар Тоҷикистон ҳарчанд давоми чанд рӯзи ахир дамои ҳаво аз 20 дараҷа гармӣ ҳам баландтар аст, вале маҳдудияте, ки қаблан "Барқи тоҷик" ҷорӣ кард, лағв нашудааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" дар нишасти хабарӣ изҳор доштанд, ки сар аз 15 - уми феврал, маҳдудияти интиқоли неруи барқ як соат коҳиш меёбад.

Ҳамин тариқ, маҳдудияте, ки сар аз 5 январ аз соати 23:00 то 6 - и саҳар ҷорӣ шуда буд, акнун он аз соати 23 - и шаб то 5 - и саҳар идома мекунад.

Намояндагони ин ширкат зарурати ҷорӣ шудани "лимит"- и барқро ба сардиҳои авохири моҳи декабр ва авоили моҳи январ рабт доданд.

Мирзо Исмоилзода раиси ширкати "Барқи тоҷик"  гуфт, танҳо моҳи декабри соли гузашта нисбати ба соли 2019 ба миқдори 100 миллион киловатт соат истифодабарии барқ зиёд гардид.

Илова бар ин, резиши об ба дарёи Вахш ва инчунин кам шудани захираи обанбори Норак боис шуд, ки "лимит- и барқ ҷорӣ шавад.

Оё барқ боз гарон мешавад? Мӯъминзод дар бораи ба се қисм тақсим шудани "Барқи тоҷик"

Гуфта мешавад, сатҳи обанбори Норак нисбат ба соли гузашта 4 метр пасттар буд.

Исмоилзода изҳори боварӣ кард, ки бо мусоид омадани боду ҳаво ва беҳтар шудани резиши об дар маҷрои дарёи Вахш, рӯзҳои наздик маҳдуияти интиқоли неруи барқ комилан аз байн бардошта мешавад.

Барчаспҳо:
лағв, маҳдудият, "Барқи Тоҷик"

Мавзӯъҳои асосӣ