Табибон вазъи саломатии Элдар Рязановро вазнин арзёбӣ мекунанд

Элдар Рязанов. Акс аз бойгонӣ
Обуна шудан
Коргардони маъруф рӯзи 24 ноябр ба бемористон интиқлол ёфта буд. Пизишкони пажӯҳишгоҳи ба номи Бурденко саломатии ӯро дар аввал миёнаи мӯътадил, аммо ҳоло сангин арзёбӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Коргардони маъруфи синамо Элдар Рязанов, ки аз шоми дирӯз дар бемористон аст, дар ҳолати сангин қарор дорад. Табибон мегӯянд, ӯ бо нишонаҳои қатъи ҷиддии гардиши хун дар шараёни мағзи сар ба бемористон интиқол ёфт. Дар бемористони пажӯҳишгоҳи ба номи Бурденкои шаҳри Маскав  гуфтаанд, ки ҳоло ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад ва ҳолаташ сангин арзёбӣ мешавад. Дар ин бора оҷонсии РИА Новости иттилоъ дод.

Ба қавли манбаъ, вазъи саломатии ҳунарманди маъруф ҳоло сангин аст. Баграт Алекян, профессори маркази ҷарроҳиҳои қалб, ки як вақт Рязановро ҷарроҳӣ карда буд, ба дидорбинии ӯ омада, бо мудири марказ- Лео Бокирия дар бораи саломатии Рязанов машварат карданд.

Коргардони маъруф рӯзи 24 ноябр ба бемористон интиқлол ёфта буд. Пизишкони пажӯҳишгоҳи ба номи Бурденко саломатии ӯро дар аввал миёнаи мӯътадил, аммо ҳоло сангин арзёбӣ мекунанд. Рӯзи 18 ноябр ин филмсози маъруфи синамо, ки бештар дар жанри мазҳака кор кардааст, 87-сола шуд. Ӯ муаллифи беш аз 20 филм аст, ки дар замони шӯравӣ ва баъди пошхӯрии он офарида шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0