Дар Кӯлоб як бознишаста бо 22 кг шираи камол боздошт шуд

© wikimedia.orgЦветок ферулы
Цветок ферулы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бознишастаи 70 солаи шаҳри Кӯлоб дар манзили худ беш аз 20 килограмм шираи камолро нигаҳ медошт, ки тибқи қавонини кишвар мамнуъ аст.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Маъмурони пулис аз хонаи як сокини 71-солаи шаҳри Кӯлоб беш аз 22 килограмм шираи камол забт кардаанд, хабар медиҳад ВКД.

Зикр мешавад, ки барои ҷамъоварӣ ва нигаҳдории ғайриқонунӣ Ҷангӣ Латипов, мутаваллиди соли 1944 боздошт шудааст. Ин маводро бознишаста дар манзили худ нигаҳдорӣ мекардааст.

Дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқи он идома дорад.
Дар моҳи сентябри соли 2008 дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол мамнуъ карда шуд. Ҳаққи ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол дар ҳадди муъайян ба чанд ширкати дорусозии Тоҷикистон дода шудааст.

Шираи камол дар тиб ба ҳангоми уфти нерӯ, асабоният, бемориҳои асаб, сардхурии устухонҳо, бемориҳои ҷигар, гурда ва баровардани талха истифода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0