Мақомот: Тоҷикистон ба зудӣ ташхисгоҳи ДНК таъсис медиҳад

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкИсследование в лаборатории. Архивное фото
Исследование в лаборатории. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, базудӣ дар кишвар Ташхисгоҳи миллии генетикиро таъсис хоҳанд дод, ки ташхиси ДНК-ро анҷом медиҳад.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Тоҷикистон, ки то кунун барои ташхисҳои генетикӣ, аз ҷумла ДНК ба озмоишгоҳҳои Русия, Ӯзбакистон ва кишварҳои дигар муроҷиат мекард, ба зудӣ аз ин "вобастагӣ" раҳо хоҳад шуд, менависад "Радиои Озодӣ".

Машқҳои ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ташхис мегӯяд, сарбози маҷруҳ ҳаққи даъвои 180 ҳазор сомониро дорад

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯянд, дар пайи нигаронии раисиҷумҳур аз афзоиши атфоли маълул, ки ба қавли онҳо аксарашон аз никоҳҳои хешутаборӣ ба дунё меоянд, дар Тоҷикистон Ташхисгоҳи миллии генетекӣ бунёд мешавад. Интизор меравад, фаъолияти марказ ва анҷоми ташхисҳо баҳсҳои марбут ба мушкилоти ирсӣ ё генетикиро дар Тоҷикистон асоси илмӣ бахшад.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба радио гуфтааст, феълан корҳои таъмирии ташхисгоҳ идома доранд ва ҳамзамон дастрас кардани таҷҳизоти заруриву омода намудани мутахассисон низ дар ҳоли баррасист.

"Ташхисгоҳи мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва Пажӯҳишгоҳи илмиии момодоягӣ бунёд мешавад. Ҳоло се гурӯҳи корӣ таъсис шудааст, ки ба таҳияи протоколҳои озмоиш, тартиби муоинаи тиббӣ ва муайяну дастрас кардани таҷҳизот машғуланд. Қаблан бинобар вуҷуд надоштани ташхисгоҳи замонавӣ мо ин гуна озмоишҳоро тариқи классикӣ анҷом медодем. Ва бо назардошти доғ шудани ин мавзӯъ ва изҳори назари президент дар ин замина тасмим гирифтем, чунин ташхисгоҳро таъсис диҳем", — гуфтааст Ҷаъфаров.

Ин масъули вазорат афзудааст, Ташхисгоҳи миллии генетикӣ аз ҳисоби маблағи буҷа бунёд гардида, гузарондани ташхисҳои мухталифи генетикӣ, аз ҷумла ДНК-ро низ имконпазир мегардонад. Ҳамчунин марказ имконият медиҳад, дар марҳилаҳои аввали ҳомиладорӣ бемориҳои модарзодии тифл муайян шаванд.

"Дар хонаводаҳое, ки аслан волидон ба ҳам робитаи хешутаборӣ надоранд, низ имкони ба дунё омадани тифлони маълул вуҷуд дорад. Аз ин хотир, ҳамаи хоҳишмандон имкон пайдо мекунанд, қабл аз издивоҷ аз ташхиси генетикӣ бигзаранд. Хулоса ба малакаи худи мутахассисон вобаста аст, ки чӣ навъи озмоишро анҷом диҳанд", — илова кардааст Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи ин маъсул, чанд мутахассиси генетик низ барои бозомӯзӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристода хоҳанд шуд. Ин омодагӣ дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли 2013 мақомоти расмии Тоҷикистон гуфта буданд, кишвар базудӣ соҳиби шароиту имкони ташхиси ДНК мешавад.

Шералӣ Раҳматуллоев, раҳбари Маркази модар ва кӯдаки тобеи вазорати тандурустии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2013 ба расонаҳо гуфта буд, вазири тандурустӣ барои овардани таҷҳизоти ташхиси ДНК ба Тоҷикистон дастур додааст. Ҳамчунин маркази онҳо он замон дар Русия се мутахассиси ин соҳаро тайёр мекард. Вай гуфта буд, чунин марказ то охири соли 2013 дар назди Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ боз мешавад.

Ба қавли Шералӣ Раҳматуллоев, таҷҳизоту абзори лозим барои ташхиси ДНК бисёр гарон аст ва аз 110 то ба 300 ҳазор доллар мерасад. То кунун ниёзмандони ташхиси ДНК аз Тоҷикистон маҷбур мешаванд ба Ӯзбакистон ё Қазоқистону Русия муроҷиат кунанд. ДНК захираи иттилоотии генетикии инсон ва ҳар мавҷудоти дигари зинда аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 23 январи соли ҷорӣ ҳангоми ироаи паёми солонаи худ ба парлумон никоҳи хешутаборӣ миёни мардумро барои ҳифзи хонавода дар кишвар зиёнбор донист. Ӯ аз мақомоти зирабти кишвар хоста буд, дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ин масъаларо омӯхта ва ба ҳукумат тарҳи қонунро пешниҳод намоянд.

Бар асоси омори вазорати тандурустӣ дар соли 2014 дар Тоҷикистон тақрибан 25 500 кӯдаку навраси маъюб буд, ки 35 дарсадашон аз ҷуфтҳое бо ҳам хеш ба дунё омадаанд.

Лентаи хабарҳо
0