11:00 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
12 0 0

Дар маҷмӯъ дар ду-се соли ахир 130 нафар аз 500 сокинони Қалачӣ мубталои бемории “хоболудагӣ” шудаанд.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дуди ангишт ва пойин рафтани мизони кислород дар фазо омили пайдоиши бемории "хоболудагӣ" дар рустои Қалачӣ дар шаҳраки Красногорск шудааст, изҳор дошт дар авохири ҳафтаи гузашта муъовини нахуствазири Қазоқистон Бердибек Сапарбаев, менависад Новости-Казоқистон.

"Мо бозрасии пизишкии куллияи сокинони ин русто ва шаҳракро анҷом додем, ба ин умур уламо, кормандони Пажӯҳишгоҳи ҳастаӣ ва зистмуҳитӣ, Пажӯҳишгоҳи беҳдоштӣ ва бемориҳои касбӣ ва ҳамчунин Пажӯҳишгоҳи физикаи ҳастаиро ҷалб сохтем ва натоиҷи ин бозрасиҳоро ба Прага ва Москав фиристодем. Аз он ҷо посух гирифтем, ки далели аслии шуюуъи ин беморӣ дар Калачӣ дуди ангишт будааст", — гуфт Сапарбаев.

Манбаъи дуди ангишт чоҳҳои партофташудаи уран будаанд. Онҳо замоне масдуд шудаанд ва гоҳ-гоҳе дар он ҷо таҷаммӯъи дуди ангишт сурат мегирад. Дар пайи ин амр дар фазо мизони кислород коҳиш меёбад, ки далели шуюуъи бемории "хоболудагӣ" дар ин маҳалл шудааст, — зикр кард муъовини нахуствазир.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ мавзӯъи дуди ангишт ба унвони омили бемории "хоболудагӣ" садо дода буд: уламои қазоқ он замон шойъеоти як мудири собиқи чоҳи маъдани урани бекоршуда Виктор Крюковро таъйид карда буданд. Вай ҳадс зада буд, ки далели хоболудагӣ дуди ангишт аст, ки аз зери замин тавассути тарқишҳо берун меояд.

"Бемории хоболудагӣ" дар моҳи марти соли 2013 мушоҳида шуда буд ва он замон мардум ногаҳонӣ ба хоб мерафтанд ва ин аҳвол чанд рӯз идома мекард. Ин беморӣ бо сарчархзанӣ, хоболудагӣ, тағйири рафтор ҳамроҳ буд. Нишонаҳои беморӣ метавонанд баъд аз 2-3 рӯз нопадид шаванд, вале мубталоиён дарбархе маворид ҳатто баъд аз муррахас шудан аз бемористон худро ногувор эҳсос мекарданд.

Сокинони русто, ки мубталои ин беморӣ шудаанд (беш аз 60 нафар), зикр мекунанд, ҳамасола раванди беморӣ сангинтар мешавад: агар қаблан мубталоиёни ин беморӣ бидуни авоқиби нохуш аз хоб бедор мешуда бошанд, ҳоло онҳо гирифтори тахайюллоте мешаванду фарзандонашон асабонӣ мешаванд.

Дар маҷмӯъ дар ду-се соли ахир 130 нафар аз 500 сокини Калачӣ мубталои "бемории хоболудагӣ" шудаанд.

Мақомоти Қазоқистон ба кӯч додани сокинони Қалачӣ ба манотиқи дигар оғоз кардаанд.

Барчаспҳо:
ошкор шудани иллат бемори хоболудагӣ, ҳукумати Қазоқистон, Виктор Крюков, Бердибек Сапарбаев, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ