22:22 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Аз Эрон ба Тоҷикистон талош кардаанд “ахлоти заҳролудшуда” барои тавлиди ҳасиб ва тушбераҳоро ворид созанд.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Маъмурони гумруки Тоҷикистон дар марзи кишвар 23 тонна маҳсулоти мӯҳлаташ сипаришуда — пӯсти мурғиро мусодира карданд, ки аз он қасд доштанд зимни тавлиди ҳасиб ва анвои дигари ғизо истифода шавад, хабар дод имрӯз раиси Идораи гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб.

Ба гуфтаи вай тоҷири тоҷик қасд дошт ин маҳсулотро ба кишвар зери унвони маҳлули глюкоза ворид созад. Вале зимни бозрасии ин маҳсулот 23 тонна пӯсти мурғӣ ошкор мешавад, ки қасд доштанд аз он барои таҳияи ҳасиб, котлетаҳо ва сихкабоби мурғӣ истифода шавад.

Раҳбари Идораи гумрук тавзеъ дод, ки ин коло "ба ҷуз аз ахлоти заҳролудшуда чизи дигаре нест" ва дар Эрон, ки ин коло аз он ҷо ворид шудааст, аз он аслан дар тавлиди ғизо истифода намешавад.

Вай изофа кард, ки дар қиболи ин тоҷир чораи зарурӣ андешида шудааст.

Коршиносон иддао доранд, ки пӯсти мурғӣ ба гунаи пӯсти дигар паррандаҳо аз миқдори зиёди чарбу бархурдор аст. Чарбуи парранда аз холестерин, триглитсиридҳо ва фосфолипидҳо иборат буда ба саломатии инсон хатарзо аст.

Мавзуъ

Раиси нави Хадамоти гумрук: низоми гумрук барои ман ноошно нест
Барчаспҳо:
боздошти пӯсти мурғини заҳролудшуда, Идораи гумрук, Абдуфаттоҳ Ғоиб, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ