06:50 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Ташхисгарони тиббӣ-судӣ сабаби марги Умаралӣ Назаров, шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистонро дар беморхонаи Симбалинаи шаҳри Санкт- Петербург эълон карданд.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Тибқи хулосаи ташхиси тиббӣ-судии шаҳри Санкт Петербург, Умаралӣ бар асари иммунитети заиф, норасоии қалбӣ ва бемории шуш ба ҳалокат расидааст.

"Инчунин дар ҷисми Умаралӣ ситомегалавирус дарёфт гардид, ки ҳанӯз дар батни модар, агар иммунитет заиф бошад, ба тифл осеб мерасонад", — омадаст дар хулосаи тиббӣ, ки онро расонаҳои русӣ ба нашр расонидаанд.

Санҷиши тиббӣ-додгоҳии ҷасади Умаралӣ 16 рӯз давом кардааст. Ташхисгарон таъкид кардаанд, ки дар роҳи нафаси Умаралӣ варамиҳои зиёд ва дар мағзи сараш паразитҳои хурд дарёфт гардидаанд. Инчунин, Умаралӣ бар асари камбуди иммунитет даргузаштааст, зеро организмаш аз ҳар ҷониб мавриди ҳамлаи инфексияҳо қарор гирифтааст.

Умаралӣ Назаров шаби 13 ба 14 октябр баъд аз боздошти модараш дар Санкт Петербург дар бемористони ба номи Симбалина даргузашт. То он вақт чанд соат кӯдакро дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтийск нигоҳ дошта буданд.

Дар робита ба марги Умаралии 5-моҳа ҳамоишҳои эътирозӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Ню-Йорк баргузор карда шуд, ки иштирокдорон таҳқиқоти ошкоро ва мунсифонаи ҳодисаро аз мақомоти рус талаб карданд.

Мавзуъ

Медведев ба Раҳмон: қазияи марги Умаралӣ таҳти назорат аст
Барчаспҳо:
ташхиси тиббӣ, марг, эътироз, ҷасад, омилҳои марг, ташхиси ҷасад, бемористони Симболина, Умаралӣ Назаров, Санкт-Петербург, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ