19:23 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Давоми 48 соати корпартоӣ, ки духтурони таҷрибаи на камтар аз 10-сола дошта баргузор менамоянд, барои аввалин бор дар таърих ба беморон на фақат табобати тиббӣ, балки ёрии аввалин ҳам расонида намешавад.

ДУШАНБЕ 25 апр — Sputnik. Беш аз 125 ҳазор ҷарроҳӣ, қабул ва муоинаи маризон бо сабаби корпартоии пизишкони ҷавон дар дармонгоҳҳои тиббии Британияи Кабир мавқуф гузошта шуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба рӯзномаи  Telegraph.

Қариб ҳамаи  бемористонҳо дар арафа ва рӯзҳои корпартоӣ дар ҳолати фавқуллода қарор дорад.

Дар давраи корпартоии ба нақшагирифтаи пизишкони ҷавон (собиқаи кориашон на аз 10 сол зиёд), ки аз 26 апрел то 27 ҳамин моҳ 48 соат довам хоҳад кард, табибон ягон намуди табобат ҳатто ёрии таъҷилиро ба беморон пешниҳод нахоҳанд кард.

Ҳангоми корпартоӣ табибони ҷавонро духтурони собиқадор иваз менамоянд. Дар аксияҳои қаблӣ навбатдорони ёрии таъҷилӣ, реаниматсия ва воҳидҳои таваллуд иштирок накарда буданд.

Бо сабаби "зиёд шудани беморон" 38%-и муассисаҳои тиббӣ маҷбуранд тадбирҳои фаврӣ ва зарурӣ андешанд, менависад Telegraph.

Вазири тандурустии Британияи Кабир Ҷереми Хант ба иштирокдорони аксия муроҷиат намуда, изҳор дошт, ки корпартоии онҳо ба ҷони беморон хатар дошта дар саросари кишвар мардумро ба нооромиҳо оварда мерасонад.

"Иштирок дар аксия-интихоби ҳар кас  аст, ман кормандони Ассотсиатсияи табибони Британияро даъват менамоям, то беморонро дар мадди аввал гузоранд",-мегӯяд Хант.

Қаблан кормандони муассисаҳои тиббӣ ба вазири тандурустии кишвар Ҷереми Хант нома фиристода, аз ӯ хостанд то тағйиротҳои навро дар шартномаҳо бекор кунад ва дар иваз табибон аз корпартоии умумӣ, ки бори аввал дар таърих хоҳад буд, даст мекашанд. Вале ба ин нигоҳ накарда, корпартоӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст, чунки ҳукумат нақшаҳои худро дигар накард.

Теъдоди умумии духтурони ҷавон дар Бритониё, ки аъзои Ассотсиатсияи табибони кишвар ҳастанд ба 55 ҳазор нафар мерасад. Аз ин шумора 37 ҳазорашон дар корпартоӣ ширкат хоҳанд кард. Аксияҳои қаблӣ бо бекор кардани ҳазор ҷарроҳӣ ва боздошти ҳазорон муоинаҳо ва санҷишҳои тиббӣ анҷом ёфт.

 

Мавзуъ

Дарёфти усули беҳтари кимиёдармонӣ барои муолиҷаи саратон
Барчаспҳо:
бемористонҳо, дармонгоҳҳо, корпартоӣ, аксия, духтурон, табибон, ёрии таъҷилӣ, Вазорати тандурустии Британия, Ассотсиатсияи табибони Британия, Ҷереми Хант, Британияи Кабир, Лондон

Мавзӯъҳои асосӣ