8504 ҳолати гирифторшавӣ ба СПИД . Дар Тоҷикистон

© AP / Niranjan Shrestha / Гузариш ба медиабонкРӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо марказҳои табобатии минтақавӣ кормандони сафорати ИМА якчанд чорабиниҳо ташкил намуда, дар байни ҷавонон дар бораи ин бемории СПИД маълумот доданд

ДУШАНБЕ,  2 дек — Sputnik.Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дар чорабинии Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД иштирок намуд.

Чорабинӣ дар гӯшаи фарҳангии Амрико дар Душанбе баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сафорат.

СПИД- маризии илоҷнопазир

Қайд карда мешавад, ки кормандони сафорат дар ҷумҳурӣ аз санаҳои 27-уми ноябр то 1-уми декабр бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии эпидемияи ВИЧ якчанд чорабиниҳо баргузор намуданд. Ҳамин тавр дар Хуҷанд викторина ва тренинг оид ба пешгирии ВИЧ байни одамон, сироятёфтагони ВИЧ, нашъмандони тазриқӣ ва собиқ маҳбусон баргузор гардид.

© Фото : Посольство США в ДушанбеДар гӯшаи фарҳангии Амрика бо сафири ИМА
Мероприятие, посвященное Всемирному дню борьбы со СПИДом в Американском уголке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар гӯшаи фарҳангии Амрика бо сафири ИМА

Дар ҶТ ҳамчунин консерт бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД баргузор гардид, ки дар он ҳофизони маҳаллӣ баромад намуданд.

Дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Хуҷанд фаъолони ҷомеа бо ҷавонон муошират намуда, муфассал дар бораи ин беморӣ маълумот доданд.

Мувофиқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон 8504 ҳолатҳои бемории  вируси ВИЧ ба қай дирифта шудааст, ки қариб 2000 нафари онҳо аллакай ба ҳалокат расидаанд. Дар Тоҷикистон  1600 нафар сироятёфтагони  ВИЧ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисфи онҳо дар бораи сирояти худ чизе намедонанд.

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД ҳамасола санаи 1-уми декабр бо мақсади баланд намудани сатҳи маълумотнокии шаҳрвандон дар бораи эпидемияи глобалӣ, дастгирии дар пешгирии ВНМО ва нигоҳубини бемороне, ки ба ВИЧ гирифтор шудаанд, гузаронида мешавад. Паҳн шудани ВИЧ мушкили ҷиддии соҳаи тандурустии ҷамъиятии бисёри кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон мемонад.

Лентаи хабарҳо
0