19:18 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Дар шуъбаи эҳёгарӣ. Акс аз бойгонӣ

5 миллион сомонӣ барои таъмири беморхонаҳо

© Sputnik / Евгений Самарин
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
5903

Дар вилояти Суғд дар соли 2017 барои таъмири иншооти тандурустӣ зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, маблағи мазкур асосан баҳри таъмиру харидории лифт барои Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Қутфиддинов, ҳамчунин, барои барқарор кардани шабакаҳои гармидиҳии мутамарказонидаи Маркази бемориҳои дил, Маркази клиникавии эндокринологӣ ва таваллудхонаи вилоятӣ равона карда шудааст.

Тавре дар гузориш зикр мешавад, иқдоми мазкур дар вилояти Суғд се сол инҷониб амалӣ гардида, дар ин давра Беморхонаи клиникавии вилоятии бачагона, Маркази микроҷарроҳии чашм ва таваллудхонаи вилоятӣ бо шабакаҳои гармидиҳии мутамарказонида таъмин гардиданд. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳиивилоят, дар   Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд, беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Гулистон, Бўстон, Конибодом, Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Мастчоҳ, Шаҳристон корҳои таъмирӣ гузаронида шуда истодаанд.

Аз оғози соли равон дар иншооти тиббӣ то ин муддат барои корҳои таъмиру тармим беш аз 5 миллион сомонӣ масраф гардид.

Илова бар ин, ба наздикӣ 2 иншооти дигар — шўъбаҳои таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом ба истифода дода мешавад.

Тибқи ахбори манбаъ, маблағгузории ин иншоот пурра аз буҷети вилоят сурат гирифта, таҷҳизоту лавозимоти муосир аз давлатҳои мутараққӣ харидорӣ мегардад. Бо дастгирии Лоиҳаи беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ бошад, дар се ноҳияи пилотии вилоят Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ сохтмони якчанд марказҳои саломатӣ оғоз гардида, арзиши лоиҳавии ин муассисаҳо аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ то 1 миллиону 960 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Иқдоми неки аҳолӣ низ дар рафти корҳои ободониву созандагӣ, ҳамзамон, сохтмону баистифодадиҳии иншооти тандурустӣ, аз ҷумла, бунёди бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Ашт ва Мастчоҳ боиси зикр аст.

Дар мавриди харидории таҷҳизоти тиббӣ мавсуф изҳор дошт, ки ҳамасола ба маблағи 1 миллион сомонӣ аз буҷети вилоят, тибқи нақшаи дархостии муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти муосир харидорӣ ва дастрас карда мешавад.

Барчаспҳо:
таҷҳизоти замонавӣ, таъмир, бемористон, вилояти Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ