05:42 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Модару кӯдак. Акс аз бойгонӣ

Дарси вазорат ба бонувони хатлонӣ: аз тарзи синамаконӣ то риояи беҳдошт

© Sputnik
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Аз 1 то 10 августи соли равон бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон чорабиниҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ бо унвони "1000 рӯзи аввали ҳаёт-асоси рушди миллат" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии вазорати тандурустӣ, кормандони ин ниҳод дар давоми даҳ рӯз ба бонувони вилояти Хатлон тарзи синамаконӣ ва аҳамияти шири модарро мефаҳмонанд.

Ба иттилоъи манбаъ ҳадафи ин кор баланд бардоштани савияи дониши маърифатӣ-санитарии аҳолӣ, таъмини иштироки бевоситаи мардум дар амалисозии сиёсати ҳукумат дар бахши ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон дар чорчубаи татбики қонун "Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табии кӯдакон" дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.

Дар рӯзҳои таҷлили чорабинии мазкур семинарҳои омузишӣ ва таълимӣ дар мавзуи: "Аҳамияти шири модар" дар назар дошта шудааст. 

Манбаъ меафзояд, ки раёсати тандурустии вилояти Хатлон, тасмим гирифтааст, ки таи ин рӯзҳо  варақаҳои иттиллотӣ миёни сокинон оид ба ташфиқи синамаконӣ тақсим намояд.

Ҳамчунин гузаронидани викторинаҳо байни модарон ва аҳамияти шири модар дар назар гирифта шудааст.  

Ёдоварӣ мекунем, ки Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон соли гузашта аз сатҳи пасти синамаконӣ дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки  ҳамагӣ 34 дарсади кӯдакон танҳо аз шири модар ғизо мегиранд, ки ин нишондиҳанда пастарин мебошад.

Ҷаноби Раҳматуллоев иброз дошт, аксари модарони тоҷик ширеро, ки "солҳои сол дар амборҳои дигар давлатҳо хоб аст ва маълум нест дар кадом ҳолат қарор дорад, гирифта ба тифлонашон медиҳанд". Ӯ дар идома бо таасуф гуфта буд, "асрҳои аср дар мо синамаконӣ мушкилӣ набуд, имрӯз мо омада занро маҷбур менамоем, ки кӯдакатро бо шири худат калон кун".

Мавзуъ

Ихтисоси $10 млн БҶ ба Тоҷикистон барои ҳифзи саломатии модару кӯдак
Дар Хатлон равиши нави дармони бемориҳои пӯст роҳандозӣ шуд
Барчаспҳо:
тарзи синамаконӣ, семинари омӯзишӣ, Вазорати тандурустӣ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ