Дар ҷустуҷӯи сирри табобати саратон, пизишкони суғдӣ ба Хатлон рафтанд

© SputnikВрачи центра трансплантологии проводят операцию. Архивное фото
Врачи центра трансплантологии проводят операцию. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як гурӯҳ пизишкон аз вилояти Суғд барои дарёфти сирри табобати саратон ба Хатлон сафар карданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, сафари мазкур бо мақсади омӯзиши таҷрибаи дуҷониба дар самти табобати саратони гарданаки бачадон роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҳайати гурӯҳи кории вилояти Суғд сармутахассисони муассисаҳои тандурустӣ, намояндагони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази солими репродуктивии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, масъулони Маркази солими репродуктивии вилоят, намояндагони Хазинаи СММ ва дигар кормандону мутахассисон шомил шуданд.

Дар рафти сафари корӣ намояндагони Вазорат дар баробари омӯзиш ва таҳлилу баррасии роҳҳои табобати саратони гарданаки бачадон бо ҳамтоёни худ дар вилояти Хатлон, ҳамзамон бо аҳолӣ вохуриҳои судманд доир кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0