20:01 23 майи 2018
Пахши мустақим
Дарвозаи Кӯлоб. акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустӣ ба мардуми Хатлон роҳи пешгирии қадпастӣ ва камвазниро нишон медиҳад

© wikimedia.org/Ibrahimjon
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
228 0 0

Вазорати тандурустӣ барои 14 ҳазор хонаводаи ниёзманд дар 29 ҷамоати шаҳраку деҳоти Хатлон барномаҳои омӯзишии пешгирӣ аз марги модару кӯдак, бемориҳои камхунӣ, камвазнию қадпастӣ ва камбуди хӯрок роҳандозӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати тандурустии ҶТ, ин ниҳод барои 14 ҳазор хонаводаи ниёзманд дар 29 ҷамоати шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон тухмиҳои гуногуни кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ тақсим мекунад.

Иззатулло Исматов, коршиноси масъалаҳои кишоварзӣ, мегӯяд, ҳануз ҳам аксари рустонишинон барои кӯдакони худ аз бозору дуконҳо, ҳар гуна хӯроки маснуъиро бо сарфи маблағҳои калон харида, ҳам ба буҷаи оилавии хеш таъсири манфӣ мерасонанд ва ҳам саломатии кӯдакони худро бад мекунанд.

"Мо ҳам сатҳи дониши мардумро барои самаранок истифода бурдани заминҳои корами наздиҳавлигӣ баланд бардошта истодаем ва ҳазамон тарзи дурусти кишту нигоҳубини сабзавоту полезиҳоро нишон медиҳем, то ин, ки аҳолӣ барои конеъ гардонидани талаботи фарзандони худ бо ғизоҳои иловагӣ танҳо аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоз аст истифода баранд", — гуфтааст ӯ.

Дар доираи Лоиҳаи Беҳтаркунии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнокии ғизояшон дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми 36 тона нуриҳои минералӣ ба таври ройгон тақсим карда шуд.

Ин нерӯҳоро мебояд ҳангоми кишту кори сабзӣ, картошка, лаблабу, нахуд ва лубиё онро истифода баранд, то ин ки аз заминҳои наздиҳавлигии хеш, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, бо истифодаи маҳсулоти тару тозаи маҳаллӣ, ки аз витамину минералҳо бой аст ба фарзандон хурокҳои серғизо омода намоянд.

Ҳамчунин нерӯҳои минералӣ ба 11 ҳазор нафар сокинони шаҳру навоҳии таҷрибавии минтақаҳои Кӯлобу Курғонтеппа дастрас карда мешавад ва дар марҳилаи баъдӣ, барои кишти соли оянда, тақсимоти тухмиҳои гуногуни кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мавзуъ

Дар ҷустуҷӯи сирри табобати саратон, пизишкони суғдӣ ба Хатлон рафтанд
Барчаспҳо:
пешгирӣ аз бемориҳо, тандурустӣ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ