05:05 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Беморхона. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон ҳомиладории 729 зан қатъ карда шуд

© Sputnik
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
454 0 0

Дар соли 2017, 208 096 занони ҳомила аз ташхиси ултрасадо гузаронида шудаанд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ хабар дода шудааст.

Дар соли 2017 бо назардошти зиёд будани тавлиди кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф дар асоси супориши раҳбарияти давлат ҷиҳати пешгирии паёмадҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, таваллуди кӯдакони маъюб ва дар ин замина паст намудани беморшавӣ ва маъюбӣ дар маҷмӯъ дар соли 2017, 208 096 занони ҳомила аз ташхиси ултрасадо гузаронида шудаааст.

"Дар давоми соли 2017, 1380 нуқсонҳои дохилибатнии тифл дар давраи барвақти ҳомиладорӣ дарёфт гардида, ҳомиладории 729 нафар (53%) қатъ карда шуд, яъне тавлиди 729 кӯдакони маъюби модарзод пешгирӣ шудааст".

Барои рушди тибби хусусӣ кор дар самти танзими фаъолияти тибби хусусиро идома дошта, айни ҳол 681 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ (380 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 55 филиал ва 301 адад шахсони воқеӣ) фаъолият менамоянд.

Тибқи бастҳои воҳидҳои корӣ дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 1 586 нафар табибон, 1 492 нафар кормандони миёнаи тиб ва 855 нафар кормандони ёрирасон, ҷамъ 3 933 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд.

"Дар айни замон дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 25 нафар мутахассисони бурунмарзӣ, аз ҷумла 5 нафар аз Эрон, 8 нафар табибон ва 1 нафар фелдшер аз Чин, 4 нафар аз Ҳиндустон, 3 нафар аз ИМА, 1 нафар аз Дания, 1 нафар аз Норвегия ва 2 нафар аз Русия ба фаъолиятҳои гуногуни тиббӣ машғул мебошанд"-гуфтааст Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
қатъи ҳомиладорӣ, ҳомила, тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ