Мудири анбори доруҳои ройгон дар Кӯлоб ба ҷурми доруфурӯшӣ боздошт шуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкДиабетические препараты. Архивное фото.
Диабетические препараты. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Назар Раҷабов аз шаҳрванде барои доруе 5 ҳазор сомонӣ талаб карда будааст

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон кормандони Ожонси мубориза бо фасод Назар Раҷабов – мудири анбори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар минтақаи Кӯлобро ба ҷурми фурӯши доруҳои ройгон боздошт карданд.

Ба гузориши равобити умумии Ожонс, Назар Раҷабов даст ба фурӯши доруҳое зада, ки барномаи хориҷии “НОРЕ” дар чорчӯби кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дода ва бояд ройгон ба беморон тақсим мешуданд.

Назаров аз шаҳрванде барои доруе 5 ҳазор сомонӣ талаб карда будааст. Ӯро ҳангоми дарёфти пул боздошт карданд ва 5 ҳазор сомониро аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ боз ситонданд.

Ожонс Назар Раҷабовро бар асоси қисми 2 моддаи 257 муттаҳам карда, ки барои чунин ҷурме 64 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 2 то 7 сол зиндонро муқаррар кардааст.

Лентаи хабарҳо
0