20:58 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Cотрудник миграционного центра берет кровь мигранта для тестирования в московском миграционном центре в Сахарове, архивное фото

Шумори заҳролудшудагон аз орд дар ноҳияи Ишкошим бештар шудааст

© AP/ Alexander Zemlianichenko
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
488 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш дода, ки барои пешгирӣ аз афзоиши шумори заҳролудшудагон аз орди олуда дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 160 кас аз бошандагони ноҳияи Ишкошимро аз муоинаи пизишкӣ гузарондаанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошим аз орди олуда ба гиёҳи заҳрогини офтобпараст ё ҳелиотроп, бино ба гузоришҳои гуногун, аз 34 то 49 кас заҳролуд шудааст, хабар медиҳад ТоҷикТА.

“Коршиносони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Идораи тандурустии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 160 тан аз бошандагони ноҳияи Ишкошимро барои пешгирӣ аз заҳролуд шудан аз орди олуда аз муоинаи пизишкӣ гузаронданд”, — гузориш додааст Вазорати тандурустии ҶТ.

Гуфта мешавад, ки то имрӯз 12 кӯдак ва 22 калонсол дар бемористон бистарӣ шудаанд. Яке аз дармонҷӯён Наврӯзмоҳ Раҳматова ном ҷавонзани обистани 23-сола аст, ки пизишкон аз ӯ ба гунаи вижа нигаҳбонӣ мекунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистн шумори заҳролудшудагон дар Ишкошимро 34 кас гузориш додааст. Пештар аз 19 заҳролудшуда гузориш дода мешуд.

Гуфта мешавад, ки яке аз бозаргонҳо моҳи августи соли 2017 аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба Ишкошим 5 тонна гандум овардаву фурӯхтааст. Нахустин заҳролудшудаҳо 17 январ ба бемористон бурда шуданд. Яке аз онҳо, ки кӯдак буда, аз варами ҷигар ҷон бохтааст. Пайгириҳо ошкор карданд, ки онҳо аз орде заҳролуд шудаанд, ки олуда ба заҳри гиёҳи офтобпараст ё ҳелиотроп будааст.

 

Мавзуъ

Дар Ишкошим сокинони ду деҳа аз гандум заҳролуд шуданд. Як кӯдак фавтид
Барчаспҳо:
заҳролудӣ аз орд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ноҳияи Ишкошим, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ