22:53 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Олимзода Насим вазири тандурустии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Вазири тандурустии Тоҷикистон ба ҳамтои арабаш даъватнома фиристод

© Пресс-служба президента РТ
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Вазири тандурустии Тоҷикитон ба вазири тандурустии Амороти Муттаҳидаи Араб даъватнома фиристодааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, сафири Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб  Б.Шарифӣ бо муовини вазири тандурустии ин кишвар доктор  Муҳаммад Салим Ал Олама дидору мулоқот кардааст.

Дар ин дидор, ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар  соҳаи тандурустӣ муҳокима кардаанд.

"Дар рафти вохӯрӣ даъватномаи расмии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода, унвони вазири тандурустии АМА супорида шуд",-омадааст дар хабарнома.

Дар гузориши ВУХ Тоҷикистон гуфта нашудааст, ки вазири тоҷик бо ин даъватнома ҳамтои арабашро ба кадом ҷаласа даъват кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки вазири тандурустӣ Насим Олимзода ва сафири  Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар  Ҷидда бо гурӯҳе аз соҳибкорони соҳаи тибби он кишвар мулоқот кардаанд.

Дар ин дидор имкони роҳандозии амалҳои ҷарроҳии хайрия барои дармонҷӯён аз Тоҷикистон ва кумакҳои гуногуни башардӯстона аз Арабистон баррасӣ ва дар ин замина тавофуқоте ҳосил шуда буд.

Барчаспҳо:
вазири араб, даъватнома, Насим Олимзода, Тоҷикистон, Аморати Муттаҳидаи Араб

Мавзӯъҳои асосӣ