05:58 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Бунгоҳи тиббӣ. Акс аз бойгонӣ

Соҳибкоре дар ноҳияи Ашт Хонаи саломатӣ бунёд кард

© Sputnik
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
23000

Соҳибкоре дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт Хонаи саломатии замонавӣ бунёд кардааст

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи фархундапай 24-уми марти соли ҷорӣ дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт Хонаи саломатии замонавӣ ба истифода дода шуд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гузориши манбаъ, бунгоҳи нави тиббӣ, аз 4 ҳуҷра иборат аст.

Ин Хонаи саломатӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абюҷон Мӯсоев ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағи 55 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи Хонаи саломатӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуда, ба соҳибкор Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки тибқи нақша имрӯзҳо корҳои азнавсозӣ дар 12 маркази саломатии деҳотии Хатлон бо суръати баланд идома дошта, сохтмончиён 90% корҳоро ба сомон расонидаанд.

Тарҳи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ аз зумраи он тарҳҳое аст, ки тӯли чор сол ин ҷониб дар 5 ноҳияи таҷрибавии вилояти Хатлон амалӣ гашта, биноҳои 12 маркази саломатии КАТС-ро бо тарҳи нави меъморӣ аз нав бунёд намуда истодаанд.

Барчаспҳо:
хонаи саломатӣ, бунёди бунгоҳ, Абюҷон Мӯсоев, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ