15:26 22 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Ниссо Одинаева, сардухтури кӯдакони Вазорати тандурустии вилояти Маскав

Профессор Одинаева: аз одати порадиҳии муҳоҷирон то тамаъкории масъулин ва ҳифзи тоҷикият

© Sputnik / Стас Этвеш
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
114021

Профессори тоҷик Ниссо Одинаева, сардухтури кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва роҳбари Маркази ташхисӣ-машваратии кӯдакони вилояти Маскав дар бораи пулситониҳои ғайриқонунӣ, одати бади порадиҳии тоҷикон, Ватан ва аҳамияти ташкили муҳити тоҷикона дар хона суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Одинаева дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи бовари шахшудаи бисёри тоҷикон, ки бидуни гузоштани пул ба кисаи касе кор ҳал намешавад, аҳамияти омӯхтани фарҳанги Русия ва гум накардани асли тоҷикӣ изҳори назар кард.  

Дар мавриди омадан ба Русия ва расидан ба мақомҳои баланд дар Вазорати тандурустӣ, Одинаева гуфт, ки соли 1989 ба аспирантураи Пажуҳишгоҳи кӯдакони Академияи улуми тибби Иттиҳоди Шӯравӣ дохил гардида, баъди пошхӯрии шӯравӣ дар Маскав мондааст.

Ӯ зикр кард, ки дар марҳилаи аввал дурӣ аз хонавода барояш мушкил буд, аммо бо мурури замон хонаводааш низ ба наздаш кӯчид.

Ба суол, ки оё ному насаби барои муҳити русӣ ғайримуқаррарӣ монеаи пешрафти кораш нашудаанд, Одинаева гуфт, дар тиб ба чунин масоил аҳамият намедиҳанд.

“Танҳо масъалаҳои рӯзмарра, ба монанди қайди иқомату мушкилоти гирифтани шаҳрвандӣ ҷой доштанд, ки вақту нерӯи зиёд талаб мекунанд”, —  изҳор дошт Одинаева.

Ӯ афзуд, ки дар Русия дар як муҳити гуногунмиллӣ кор мекунад ва масоили марбут ба миллат ҳеч гоҳ пайдо нашудаанд.

“Қоидаи асосӣ бароям ин риояи қонунҳои кишварест, ки дар он ҷо иқомат мекунам. Ҳеч гоҳ ин қонунҳоро вайрон накардаам”, — гуфт Одинаева.

Ниссо Ҷумаевна таъкид намуд, ки дар баробари риояи қоидаҳои кишвари иқомат, тоҷикон дар хориҷи кишвар низ бояд асли хешро нигоҳ доранд.

Ӯ гуфт, Одинаевҳо ҳамеша талош кардаанд, ки тоҷикиятро ҳифз кунанд ва вақте солҳои сиюми асри гузашта хонаводаашон аз Тоҷикистон ба Ставропол маҷбуран фиристода шуд, тоҷикиятро гум накардаанд. Ба Тоҷикистон Одинаевҳо солҳои 50-ум баъди афв баргаштаанд.

Ниссо Ҷумаевна нақл кард, ки замони муҳоҷирати маҷбурӣ дар хонаводаашон як қоидаи тиллоӣ мавҷуд будааст.

“Мактаби русӣ мехонӣ, бо русҳо бо забонашон муошират мекунӣ, фарҳангашонро меомӯзӣ, аммо баъде ки вориди хонаат шудӣ, бояд худро дар Тоҷикистон эҳсос кунӣ, дар хона бояд муҳити тоҷикӣ муҳайё бошад. Зиндагӣ дар дохили хона бо анъанаҳои тоҷикӣ ва муошират бо забони модарӣ сурат мегирад. Ҳамин тариқ Одинаевҳое, ки дар Ставропол таваллуд шуданд, забону фарҳанги миллиро ҳифз карданд ва вақте ба Тоҷикистон баргаштанд, комилан аз урфу одатҳои худ огоҳ буданд”, — изҳор дошт профессори тоҷик.  

Ниссо Ҷумаевна таъкид намуд, ки бо насиҳати падар ин анъанаро дар хонаводааш ҳифз кардааст ва насли нави Одинаевҳо дар Маскав аз аслу гузаштаи хеш огоҳанду бо он ифтихор мекунанд.

Профессори тоҷик таъкид намуд, ки кӯдакон маънии ҳаётанд ва дар хитоб ба муҳоҷирон гуфт, дар  ғарибӣ фарзандонашонро эҳтиёт кунанд. Ба гуфтаи ӯ бисёри кӯдакони муҳоҷирон дар Русия, на танҳо аз беморӣ, балки аз омилҳои берунӣ, дар роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, афтидан аз ошёнаҳои баланд, ҳангоми оббозӣ ва дигар ҳолатҳо ба ҳалокат мерасанд. Бинобар ин дар муҳити бегона нигоҳубини дучанд барои кӯдаконро муҳим хонд.

Ӯ таъкид намуд, ки мардуми муҳоҷири тоҷик бояд одати додани пора сари ҳар қадамро тарк кунанду, боварашонро, ки бидуни андохтани маблағ ба кисаи касе корашон ҳал намешавад, бартараф кунанд. Одинаева пешниҳод кард, ки ба ҷои додани пора, ки ҷиноят аст, муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқҳояшонро бештар омӯзанд, чун аксаран, масъулин аз огоҳии кам доштани муҳоҷирон дар бораи ҳуқуқу қавонини Русия, сӯиистифода мекунанду пул меситонанд.

Ниссо Ҷумаевна аз ҷумла мисол овард, ки дар ҳолатҳои таъҷилӣ масъулини тандурустӣ вазифадоранд, ки кӯмаки ройгон расонанд. Аммо баъзан аз бемороне, ки дар ҳолати вазнин бистарӣ шудаанд, маблағ талаб мекунанд, ки ғайриқонунӣ аст.

“Дар баробари ин ҳолатҳое ҳастанд, ки муҳоҷирон талош мекунанд, ғайриқонунӣ аз имтиёзҳо дар бахши тандурустии Русия истифода баранд”, — изҳор дошт Одинаева.

Ӯ афзуд, ки барои истифода аз ҳуқуқу имкониятҳо дар Русия муҳоҷиронро зарур аст, ки қонунӣ вориди кишвар шаванду суғуртаи оддии тиббиро, ки қимат нест, бигиранд.  Ниссо Ҷумаевна дар хитоб ба муҳоҷироне, ки бо фарзандонашон вориди Русия мешаванд, таъкид намуд, ки суғурта бигиранд, то кӯдаконашон ба хадамоти ройгони тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Барчаспҳо:
профессори тоҷик, тандурустӣ, муҳоҷирони корӣ, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ