15:56 22 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Ҷаласаи Ҳукумат, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат: таҳсили бархе беморон дар муассисаҳои таълимии тиббӣ мамнуъ шуд

© Пресс-служба президента РТ
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
846 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон феҳрасти бемориҳоеро тасвиб кардааст, ки мубталоёни он ҳаққи таҳсил дар муассисаҳои таълимии тиббии кишварро надоранд

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарори  Ҳукумат, таҳти рақами 475 - ро дар бораи тасдиқи ин феҳраст, 25 сентябри соли равон имзо кардааст, ки даҳҳо бемории асосан руҳӣ ва сироятиро фаро мегирад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Маркази миллии тестӣ ва муассисаҳоеро, ки ихтисоси дорусозӣ доранд, муваззаф кардааст, ки бар асоси ин қарор амал намоянд.

Таваҷҷуҳ ба бахши тандурустӣ дар Тоҷикистон баъд аз интиқоди раисиҷумҳур дар оғози соли таҳсили равон зиёд гардид, ки ба гуфтаи ӯ риоя нагардидани меъёрҳо аз ҷониби худи табибон боиси сирояту бемор гардидани шаҳрвандони зиёд мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ