Зани 26-сола танҳо баъди шавҳар кардан фаҳмид, ки мард будааст

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкВ кабинете гинеколога. Архивное фото
В кабинете гинеколога. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавонзане аз сабаби ҳомиладор нашуданаш ба назди духтури занона рафтаст, аммо ташхисҳо ӯро аз нигоҳи биологӣ мард нишон додаанд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар Чин ҷавонзане баъди ба назди духтури занона рафтан, фаҳмидааст, ки аз нигоҳи биологӣ зан не, балки мард будааст, хабар додаст саҳифаи иттилоотии China Press.

Манбаъ афзудааст, ки зани хитоии 26-сола баъди як соли зиндагӣ бо шавҳараш аз сабаби ҳомиладор нашудан, ба назди духтури занона рафтааст. Аммо духтури занона дар ҷавоб гуфтааст, ки аз нигоҳи биологӣ вайро зан гуфтан мумкин нест – ӯ мард аст.

Чихеле ки маълум гаштааст дар бадани ӯ ғадудҳои ҷинсияти мардона ва узви мардонаи дарунии инкишофнаёбанда мавҷуд будааст.

Аз ҳисоби набудани У-хромасома дар бадани ин гуна одамон, онҳоро аз нигоҳи биологӣ мард гуфтан мумкин аст.

Илми тибб ин гуна одамонро “интерсексуал” (нар-мода) меномад ва на ба гурӯҳи занон ва на ба мардон дохил мекунад, чунки онҳо дорои ду узви ҷинсият мебошанд, ки дар баъзе ҳолатҳо як узваш дохила буда ноаён аст.

Мувофиқи ҳисоботи коршиносон 0,05-1,7%  аҳолии қишри заминро чунин одамон ташкил мекунанд. Ва қисмати зиёди онҳо ашхоси мӯйзард мебошанд.

Як гурӯҳи интерсексуалҳо (нар-мода) алакай дар вақти таваллуд маълум мешаванд, гурӯҳи дигар ҳангоми ба балоғатрасии ҷинсӣ ва баъди он.

Дар бисёр кишварҳо чунин одамон дар хурдсолӣ гирифтори табобати “мувофиқкунӣ” ба ин ё он ҷинс мегарданд.

Аммо табобати маҷбурии чунин одамон манъ шудааст ва поймоли ҳуқуқи онҳо ҳисоб меёбад. Ин иқдом аз тарафи созмонҳои миллию байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ахлоқу одоб, инчунин ташкилоти одамони гирифтори ин беморӣ (интерсекс) дастгирӣ меёбад.   

Лентаи хабарҳо
0