12:49 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото

Барои риоя накардани меъёрҳои тиббӣ ва вуруди доруҳои пастсифат ҷазоҳо сангинтар мешаванд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Барои ғайриқонунӣ ворид намудани доруворӣ ҷаримаҳо муаян шуданд, инчунин ба кормандони соҳаи ҳифзи саломатӣ баҳри иҷро накардани вазифаи касбиашон ҷавобгариро сангинтар карданд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки барои ғайриқонунӣ ва бо сифати паст ворид кардани дорувориҳо инчунин ҷавобгӯ набудани онҳо ба меъёрҳои муаяншуда  нисбати ашхоси дахлдор ҷавобгарии маъмуриро вазнинтар кунанд.

Ислоҳот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ-маъмурии Тоҷикистон аз тарафи палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Мувофиқии ин ислоҳот барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо шахсони воқеиро аз 2500 то 5000 сомонӣ ҷарима интизор аст. Барои хизматчиёни давлатӣ ин нишондиҳанда аз 7500 то 10000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Шахсони ҳуқуқӣ бошанд дар сурати иҷро накардани қонун аз 25 то 35 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд супурд.

Дар сурати такрори ин амали ғайриқонунӣ дар давоми як сол, миқдори ҷарима зиёд мешавад.  

Дар маҷлиси Шӯро ҳамчунин ислоҳот дар бораи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, низ баррасӣ шудааст, ки мувофиқи он ҷавобгарии кормандони соҳаи тибб барои хуб ва дар сатҳи касбӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ дучанд мешавад. Масалан барои вайрон кардани меъёрҳои санитарӣ-гигенӣ ва эпидемологӣ.

Ин тағйирот махсусан ба дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусни шахсӣ, сартарошхона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ, ки метавонанд сабаби гузариши касалҳои ВИЧ/СПИД  ва ё марги одамон гарданд, таалуқ дорад.  

Мавзӯъҳои асосӣ