14:07 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Вирабова Инна
© из личного архива Вирабовой Инны

Дандонпизишк Вирабова роҳи бехатари дандонканиро гуфт - садо

Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
164 0 0

Инна Вирабова, президенти Ассотсиатсияи байналмилалии дандонпизишкҳо дар шарҳи маҳдуд шудани дандонканӣ дар марказҳои дандонпизишкии Тоҷикистон гуфт, барои кандану табобати дандон шароити якхела лозим аст

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ахиран дар Тоҷикистон барои марказҳои тиббӣ кандани дандонҳоро маҳдуд карданд. Сокинони Душанбе феълан метавонанд дар муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмиву клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, ки дар маҳаллаи Якум Советский ҷойгир аст, дандонашонро кананд.

Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии дандонпизишкҳо ба Sputnik гуфт, барои кандани дандон ва табобати он шароити ҳамсон лозим аст.

“Тозагии комил ва малакаю таҷрибаи духтур лозим аст. Табиб бояд иҷозатномаи амалиёти ҷарроҳӣ ва маводу дастгоҳҳои лозимиро дошта бошад”, - изҳор дошт Вирабова.

Ӯ таъкид намуд, ки бемор бояд аз ташхис гузаронда шавад ва табиб бояд аз ҳассосияту бемориҳои куҳнаи муроҷиаткунанда огоҳ бошад.

 “Агар муроҷиаткунандаҳо мушкиле бо басташавии хун, ҳассосият бемориҳои онкологӣ, эндокардит дошта бошанд, дандони онҳоро бояд дар шароити статсионарӣ канд. Дар ҳолатҳои дигар дондонканӣ дар шароити клиникӣ имкон дорад”, - афзуд Вирабова.

Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии дандонпизишкҳо гуфт, ҳеч маркази дандонпизишкӣ, на хусусӣ ва на давлатӣ ҳақ надоранд, ки муроҷиати беморон бо дарди шадиди дандонро рад кунанд, ҳадди ақал барои кам кардани дард бояд чораандешӣ кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ