20:29 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Зани ҳомила, акс аз бойгонӣ

Чӣ қадар занони тоҷик таваллуд дар хона бар таваллудхонаро авлотар медонанд?

CC0 / Pixabay
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
831 0 0

Ожонси омор якҷоя бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар пайи як таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ муайян кардаанд, ки таваллуд дар хона кам шудааст

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik.Тибқи ин пажуҳиш, ки ахиран дар Душанбе муаррифӣ гардид, айни замон 96 дарсади таваллуди кӯдакон дар муассисаҳои тиббӣ сурат мегирад. Ин рақам панҷ сол қабл 88 дарсадро дар бар мегирифт, хабар додааст нашрияи “Ҷумҳурият”.

“Дар ин муддат, вазъи қадпастию камвазнии кӯдакони то панҷсола аз 26 дарсади  соли 2012 то 18 дарсад коҳиш ёфтааст”, - афзудааст манбаъ.

Таҳқиқоти  мазкур бо дастури Ҳукумат бо мақсади пайдо кардани маълумоти дақиқ дар бораи вазъи таваллуд, исқоти ҳамл, банақшагирии оила, фавти навзодон, солимии модару кӯдак, ғизо, СПИД, бемориҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда ва масоили дигари солимию некуаҳволӣ дар кишвар амалӣ шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ