19:37 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Минздрав Таджикистана при поддержке Всемирного банка приобрел 20 автомобилей скорой помощи

Вазорати тандурустӣ бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ 20 мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ кард

© Пресс-служба министерства здравоохранения Республики Таджикиситан
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар навоҳии дурдасти кишвар 20 мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ 20 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ бо арзиши 5 640 000 сомонӣ (ҳар яке баробар ба 30 000 доллар) харидорӣ кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Бино бар иттилои манбаъ, 20 мошини ёрии таъҷилӣ дар доираи барномаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” ки дар назди Вазорати тандурустӣ фаъолият дорад роҳандозӣ шудааст.  

Иттилоъ дода шудааст, ки мошинҳои санитарӣ ба муассисаҳои шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои Деваштич, Мастчоҳ, Фархор, Данғара, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ишкошим равона карда мешаванд.

Нақлиёти  ёрии таъҷилӣ, ки воридкунандаи он Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ормон” аст, тамғаи “Фотон”, истеҳсоли корхонаи мошинсозии Чин буда, ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

“Мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба шароити  навоҳии Тоҷикистон мувофиқ гардонида шуда, барои таҳвили маризон ба беморхона ва расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мусоидат хоҳанд кард”,- хабар додааст манбаъ.

Мошинҳои мазкур ба марказҳои саломатие пешниҳод гаштанд, ки аз маркази ноҳияҳо дар масофаи дуртар ҷойгир шудаанд ва шумораи аҳолиашон аз дигар деҳаҳо бештар аст.

Барчаспҳо:
Бонки Ҷаҳонӣ, харидорӣ, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ