Талаби вазир аз пизишкон: муносибатро бо беморон беҳтар кунед, ёрии аввалро ройгон расонед

© Пресс-служба президента РТОлимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазир аз муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликияташон - чӣ хусусӣ ва чӣ давлатӣ талаб намудааст, ки ёрии аввали тиббиро ройгон расонанд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як ҷаласаи вижа фаъолияти солонаашро ҷамъбаст намудааст.

Бино бар иттилои вазорат, дар кори ҷаласа сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, муовинони вазир, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар иштирок намуданд.

Насим Олимзода дар баромади худ аз кормандони соҳаи тиб талаб намудааст, ки сифати хидматрасонии кормандон ба аҳолӣ ва муносибати пизишкон бо беморон беҳтар карда шавад.

Ҳамчунин, вазир изҳор доштааст, ки муассисаҳои тиббӣ новобаста аз шакили моликияташон - чӣ хусусӣ ва чӣ давлатӣ кӯмаки аввали тиббиро фаврӣ ва ройгон расонанд.

Встреча Насима Олимзода с сопредседателем таджикско-немецкой межправительственной комиссии - Sputnik Тоҷикистон
Насим Олимзода дар Олмон иҷрои тарҳҳои беҳдоштиву иҷтимоъиро баррасӣ кард

Тавре Олимзода дар ҷаласаи ҷамъбастӣ афзудааст, соли гузашта дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

"Дар соли 2018 дар  гӯшаву канори мамлакат марказҳои зиёди саломатӣ бунёд ва ба истифода қарор гирифтанд, ки дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд", - таъкид доштааст ӯ.

Ёдрас мешавем, пештар вазири тандурустии Тоҷикистон аввалҳои моҳи декабри соли гузашта дар як машварати кориаш бо мудирони бахши тандурустии кишвар таъкид карда буд, ки ёрии аввали тиббӣ ҳатман ройгон расонида шавад.

Насим Олимзода аз сатҳу сифати ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона ибрози нигаронӣ намуда, таъкид карда буд, ки ёрии аввалини тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад.

Лентаи хабарҳо
0