09:37 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Шуҳрат Улфатов ва роҳбари диаспораи тоҷикон дар Челябинск

Шӯҳрат Улфатов аз беморхона мураххас шуд

© из личного архива Бахтиёра Султонова
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
328 0 0

Шӯҳрат Улфатов, муҳоҷири тоҷик, ки бар асари таркиш дар шаҳри Магнитогорск маҷруҳ гардид, аз беморхонаи вилоятии Челябинск мураххас шуд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Наталя Малюхина, сухангӯи беморхонаи вилоятии Челябинск ба РИА Новости иттилоъ дод, ки Улфатов рӯзи душанбеи 28 январ аз беморхона дар ҳолати хуб ҷавоб дода шуд.

“Ӯ дар ҷои иқомат таҳти назорати амбулаторӣ қарор хоҳад дошт. Ӯро наздиконаш аз беморхона гирифтанд”, - изҳор доштааст мусоҳиби РИА Новости.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ аз осебдидагони таркиши хона дар Магнитогорск феълан танҳо кӯдаки 11-моҳа дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад.

Қаблан Бахтиёр Султонов, тағои Шӯҳрат Улфатов ба Sputnik гуфт, то ҳол хабари марги ҳамсару фарзандонро аз вай пинҳон мекунанд. Волидони Шӯҳрат - Тӯтихон ва Маҳмадшо Улфатовҳо, ки ба Русия омадаанд, ният доранд, фарзандашонро баъди мураххас шудан ба Ватан баранд.

Рӯзи 31-уми декабр дар пайи таркиш дар бинои 9-ошёнае дар Магнитогорски Русия 39 тан ҳалок ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд. Аз ҷумла  4 шаҳрванди Тоҷикистон - Раҷабмо ва се фарзандаш низ қурбони ҳодисаи рӯзи 31-уми декабр дар Магнитогорск шуданд. Ин хонаводаи тоҷик дар қабати шашуми бино, манзили 365-ум истиқомат мекарданд.  Падари хонавода, Шуҳрат Улфатов дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шуда буд.

Барчаспҳо:
қурбонӣ, маҷруҳ, таркиш, Магнитогорск, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ