14:59 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото

Зимни муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда дар 58 нафар вируси ВНМО дарёфт шудааст

© Пресс-служба президента РТ
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
509 0 0

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода таъкид намуд, ки ба шахсони гирифтори сирояти ВНМО, маълумотнома барои ақди никоҳ дода нашуд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид намудааст, ки дар Тоҷикистон дар соли сипаришуда 134 451 нафар шахсони никоҳшаванда аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.

В новой школе района Рудаки
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба гуфтаи вай дар натиҷа 1429 нафар бо зардпарвини вирусии намуди “В”, 198 нафар бо зардпарвини вирусии намуди “С”, 58 нафар бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), 17 нафар бо бемории сил, 13 нафар бо бемории оташак ва 58 нафар бо бемориҳои рӯҳӣ ошкор шуд.

Насим Олимзода таъкид намуд, ки ба шахсони бо беморӣ дарёфтшуда баъди табобати соҳавӣ, ба ғайр аз беморони гирифтори сирояти ВНМО, маълумотнома барои ақди никоҳ дода шуд.

Вазир тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қайд намуд, ки шахсони ба ВНМО сироятёфта бо табобати махсуси зиддивирусӣ фаро гирифта шуда, зери назорат қарор доранд.

Барчаспҳо:
сироят, Вазорати тандурустӣ, ошкори вирус, СПИД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ