14:51 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Стоматологический кабинет, архивное фото

Ҳафт ҳазор доллар барои рӯйпӯши камбудиҳо: порагирии 2 мансабдори соҳаи тандурустӣ

CC0 / Pixabay
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
99900

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду мансабдори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод, ки ваъда додаанд ба ивази пора камбудиҳои соҳаи дандонпизишкиро рӯйпӯш мекунанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Муҳаммадаброри Идрис дар вазифаи сардори шуъбаи назорати фармокологии маводи дорувории Хадамоти  назорати давлатии тандурустӣ кор карда, барои рӯйпӯш намудани камбудиҳои кори Ҳ.Раҳмонов аз ӯ 7 ҳазор доллар пора талаб кардаанд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин мақомдор аз Раҳмонов Ҳ. барои ҳуҷҷатгузорӣ накардани маҳсулоти дандонпизишкӣ, ки онҳо бидуни сертификати мутобиқати нигоҳдорӣ қарор доштанд, 7 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

“Аз он маблағи 3000 доллар, 4000 сомонӣ ва 500 долларро пешакӣ гирифта, додани маблағи боқимондаро талаб намуд”, - иттилоъ дод Ожонси зидди фасод.

Манбаъ афзуд, ки 22 феврал Муҳаммадаброри Идрис бо ёрдами бевоситаи мутахассиси шуъбаи назорати маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи Хадамоти мазкур Файзиддини Ашуралӣ аз шаҳрванд Раҳмонов  2000 доллари дигарро гирифтаст.

Ожонс таъкид кард, ки феълан нисбати ин ду мақомдор барои порагӣ ва парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, феълан тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ