17:08 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Даромадгоҳи Ворух, акс аз бойгонӣ

Вазъ дар Ворух: аз нахустин ҷарроҳӣ то таваллуд дар муҳосира

© Sputnik Илья Буяновский
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1014 0 0

Мақомоти Исфара, вазъ дар Ворух, аз ҷумла ҳолати хадамоти тиббӣ ба осебдидагон ва сокинони ин минтақаи дар муҳосирамондаро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара бо нашри як иттилоия хабар дод, ки табибон рӯзи 16 март бемор Холиқова Нарзихон, соли таваллудаш 1962-ро, ки бо ташхиси илтиҳоби шадиди фасодноки кирмрӯда дар беморхонаи минтақавии Ворух бистарӣ гардид, ба таври фаврӣ ҷарроҳӣ карданд.

“Ҷарроҳии бемор, ки ҳамзамон фишорбаландии шараёни дараҷаи 2 дошт, тайи 1 соат аз ҷониби ҷарроҳон Мирсодиқов Омир, Ҳакимов Ҳакимҷон, Муҳиддинов Рукниддин, Ҳодиев Шодовар ва тахдиршинос Баҳронов Баҳром муваффақона анҷом дода шуд”, - афзуд манбаъ.

Илёсзода аз қавли Таибиддин Мухамедов, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Исфара иттилоъ дод, ки вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, ҳайати табибон-ҷарроҳони соҳибтаҷриба дар Беморхонаи минтақавии Ворух аз уҳдаи ҷарроҳиҳое низ мебароянд, ки аслан дар сатҳи Беморхонаи марказии шаҳр гузаронида мешаванд.

Манбаъ илова намуд, ки духтурони осебшинос Бобоев Маъмуриддин ва Тухтамишов Меҳровар ба осебдидаҳо аз муноқишаҳо ва дигар корафтодагон шабонарӯзӣ ёрии тиббӣ расонида истодаанд.

Инчунин таъкид шудааст, ки дар шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи Ворух шаҳрванд Сентурзода Рӯзафзун, соли таваллудаш 1993 бо ташхиси преэкламсияи вазнин ва давраи якуми валодат бистарӣ гардида, новобаста аз ҳолати вазнин, бо мусоидат ва ёрии табибон Тӯраева Волида ва Худойдодова Васфия нахустфарзанди худро бо вазни расо солим таваллуд кардаст.

Илёсзода инчунин изҳор дошт, мошини Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх, ки ба деҳаи Ворух бояд ҳамчун кӯмаки башардӯстона доруворӣ мебурд, то ҳанӯз дар марз дармондааст ва дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мунтазири иҷозати низомиёни Қирғизистон аст.

Дар ҳамин ҳол 16 март музокироти навбатӣ бо ҳузури ноибони сарвазирони ду кишвар, додситонҳои низомӣ ва фармондеҳони мақомоти марзбонӣ ба анҷом расид. Дар бораи тавофуқоти ҳосилшуда то ҳол хабаре нест, аммо сокинони навоҳии наздимарзӣ мегӯянд, роҳ аз Исфара ба Ворух, ки тариқи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, ҳанӯз баста мебошад.

Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсиро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ