22:09 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15

Вазорати тандурустӣ: норасоии йод сабаби зиёдшавии бемориҳои ғадудӣ гаштааст

© Sputnik / Владимир Федоренко
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Аз сабаби норасоии йод ҳар сол зиёда аз 1,5 миллион нафар калонсолон ва 650 ҳазор нафар кӯдакони гирифтори бемориҳои ғадуди сипаршакл ба кумаки махсуси эндокринологӣ ниёз доранд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия пешниҳод кардааст, ки аз соли 2020 йодноккунии универсалии намаки оширо ҷорӣ карда шавад, иттилоъ додааст РИА Новости.

Лоиҳаи мазкур дар портали федералии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Русия нашр шудааст.

Зикр гардидааст, ки масъалаи пайдоиши бемориҳои вобаста ба норасоии йод яке аз мушкилоти асосӣ дар Русия мебошад. Мувофиқи маълумоти маркази илмии эндокринологии Вазорати тандурустии Русия, норасоии йод дар саросари кишвар сабаби оқибатҳои ҷиддӣ  мегардад: ҳар сол зиёда аз 1,5 миллион нафар калонсолон ва 650 ҳазор нафар кӯдакони гирифтори бемориҳои ғадуди сипаршакл ба кумаки махсуси эндокринологӣ ниёз доранд.

“Ҷорӣ намудани йодкунии универсалии намакҳои ошӣ мувофиқи нақша аз январи 2020 ҷорӣ мегардад”, — омадааст дар изҳорот.

Дар Русия намаки йоднокро дар ғизо на камтар аз 30 %  аҳолӣ дар муқоиса бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо, ки дар он намунаи йодноккунии универсалӣ ҷорӣ карда шудааст, истифода мебаранд.

Барчаспҳо:
бемор, зарари миқдори ками намак, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ