20:58 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Открытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане

Абдурауф Мамнунзод ба беморхонаи Панҷакент дастгоҳи рентгенӣ харид

© Sputnik
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
243 0 0

Тавассути дастгоҳи мазкур минбаъд на танҳо сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, балки беморон аз ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ аз ташхиси дақиқ гузаронида мешаванд, ки нисбат ба маркази вилоят, пойтахти кишвар ва шаҳри Самарқанд ба онҳо наздик ва арзонтар мебошад.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Беморхонаи  Марказии шаҳри Панҷакент дастгоҳи рентгении рақамии истеҳсоли ширкати ҷопонии “Тошиба” ба истифода дода шуд. Дар ин бора равобити умумии Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин дастгоҳ бо  дастгирии соҳибкори маҳаллӣ  Абдурауф Мамнунзод бо маблағи беш аз 1 млн сомонӣ  харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар ҷараёни ба истифода додани дастгоҳи мазкур муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки дастгоҳи рентгении рақамӣ аввалин таҷҳизоти муосири ташхис дар водии Зарафшон ба шумор меравад.

Масъулин изҳор доштанд, ки тавассути дастгоҳи мазкур минбаъд на танҳо сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, инчунин беморон аз ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ аз ташхиси дақиқ гузаронида мешаванд, ки нисбат ба маркази вилоят, пойтахти кишвар  ва шаҳри Самарқанди Узбакистон ба онҳо наздик ва арзонтар мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ