20:59 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Назорати сифати гӯшт, акс аз бойгонӣ

Озода Раҳмон дар бораи маҳсулот ва гӯшти хатарнок дар бозорҳо

© Sputnik / Александр Кряжев
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2855 0 0

Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мегӯяд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи сифати гӯшту маҳсулоти онро пайваста пайгирӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур ҳафтаи гузашта зимни ҷаласаи Маҷлиси миллӣ гуфт, соли сипаришуда нисбат ба мақомоти прокуратура дар самти воридоти маҳсулоти пастсифат эрод гирифта шуд.

Ӯ дар хитоб ба ҳозирин, аз ҷумла Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки масъалаи воридоти молу маҳсулоти пастсифат, бахусус гӯшт ва маҳсулоти гӯштии бесифат аз ҷониби роҳбари  давлат  низ мунтазам пайгирӣ ва таъкид карда мешавад.

“Сарфи назар аз ин, ҳолатҳои тавассути сарҳади гумрукӣ ба бозорҳои ҷумҳурӣ роҳ ёфтани маҳсулоти пастсифат ва хатарнок то ҳол ҷой дорад. Бинобар ин, зарур аст, ки назорати прокурорӣ дар ин самт боз ҳам тақвият бахшида шавад”, - изҳор дошт роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳур.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар кишвар ҳолатҳои заҳролудшавии шаҳрвандон аз маҳсулоти гӯштӣ рух дода буданд. Аз ҷумла истеъмоли ҳасиби пастсифат дар ноҳияи Восеъ боиси ҳалокати Умаралии хурдсол шуда буд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, сифати молу маҳсулот дар меҳвари фаъолияташон қарор дорад. Аз ҷумла ВУД Тоҷикистон ҳафтаи равон гузориш дод, ки дар пайи амалиёт як анбори ҳомили 15 тонна гӯшти пастсифати мурғро ошкор кардааст, ки бо соҳибкор Бобохуҷа Муқимзода, сокини вилояти Суғд тааллуқ доштааст.  

Ба иттилои ВУД, ин миқдор гӯшт, ки дар партовгоҳи Душанбе сӯзонида шуд, дар сурати роҳ ёфтанаш ба бозорҳо метавонист даҳҳо шаҳрвандро заҳролуд кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ