Ташхиси ройгон ба хотири “Рӯзи дарҳои кушод” дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр КряжевХирурги моют руки, архивное фото
Хирурги моют руки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ   дар саросари ҷаҳон 7 апрел    ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад, ки бахшида ба ин сана  дар тамоми муассисаҳои саломатии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида  мешавад

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дирӯз бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ, ки 7 апрел таҷлил карда мешавад,  дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология”-и шаҳри Душанбе “Рӯзи дарҳои кушод”  доир карда шуд, ки дар он беш аз 100 нафар профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳаи тандурустӣ ва устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шаҳрвандонро аз ташхиси ройгон гузарониданд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Мозаики Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Саломат бошед: дар шаҳри Конибодом маркази саломатӣ ифтитоҳ шуд

Манбаъ афзудааст, ки ҳамаи ин ба хотири бештар фаро гирифтани аҳолӣ ба хидмати тиббӣ ва мустаҳкам намудани саломатии сокинони кишвар мебошад.

“Ҳукумати мамлакат моҳи октябри соли 2010 “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”-ро қабул намуд. Ин барнома дар баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ нақши босазо бозид. Моҳи марти соли 2017 бо фармоиши Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масалаҳои саломатӣ” қабул гардид. Ин дастур дар доираи амалӣ намудани Стратегияи миллии солимии аҳолии мамлакат таҳия гардидааст. Ҳадафи асосии дастури мазкур бештар ҷалб намудани аҳолӣ ба масъалаҳои саломатӣ ва  бо ин роҳ муайян кардани бемориҳо ва табобати онҳо мебошад”, — гуфтааст Парвина Мухторова намояндаи Вазорати тандурустии кишвар.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ)   дар саросари ҷаҳон ҳамасола 7 апрел    Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана  ҳамасола   дар тамоми муассисаҳои саломатӣ “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0