22:00 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Врачи проводят операцию пациенту

Ҷароҳии ройгони беморони қалб: Табибони хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд

© Минздрав Республики Татарстан
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
151 0 0

Дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” давраи баргузории ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил ройгон оғоз гардид.

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Бо мақсади гузаронидани ҷарроҳӣ миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил 30 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои 6 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон омадаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки 13 апрели соли равон  дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” давраи баргузории ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил ройгон оғоз гардид.

Мақсади иқдоми мазкур дастгирӣ ва кӯмак ба нафарони камбизоат буда, ба солимгардонии кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил равона гардидааст.

Мутахассисони барои амалиёти ҷарроҳӣ ҷалбшуда   аз  Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ирландия, Баҳрайн ва Германия буда, ҳамзамон  мутахассисони варзидаи тоҷик низ дар гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил иштирок менамоянд.

Бино ба иттилои манбаъ, тайи рӯзҳои 8-12 апрел зиёда аз 470 нафар кӯдакон аз ташхис гузашта, 100 нафар кӯдаконе, ки бо сабаби доштани бемории нуқсони модарзодии дил зери хатар қарор доштанд, барои амалиёти ҷарроҳӣ тавсия шуданд. Давоми се рӯз  15 нафари онҳо бо роҳи эндоваскулярӣ ва 9 нафари дигар бо роҳи ҷарроҳии кушод бо мувафақият ҷарроҳӣ шуданд.

Бояд гуфт, ки амалиёти ҷарроҳӣ дар муассисаи мазкур то 21 апрели соли равон давом дошта,  то ин муддат 70 нафар бо роҳи эндоваскулярӣ ва 30 нафари дигар бо роҳи амалиёти кушод ҷарроҳӣ хоханд шуд.

Барчаспҳо:
ҷарроҳӣ, беморӣ, қалбакӣ, душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ