08:22 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
352 0 0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  иқдом намудааст, ки тавассути таҳия ва татбиқи системаҳои ракамии тиббӣ, барномаҳои маҳсулотӣ, замимаҳои мобилӣ, автоматикунонии фаъолияти сохторҳои тобеӣ ва худи вазорат бо ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ, технологияи муосир ва ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ ба ҳадаф бирасад

 ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Рӯзи 14 майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавии  татбиқи "Стратегияи  миллии  солимии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои  2010-2020" дар  мавзӯи "Шарҳи системаи иттилоотии  тандурустӣ:  гузашта, ҳозира ва оянда" доир гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҷаласаро  ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҷамъомади имрӯза барои муайян намудани афзалиятҳо ва гирифтани назари ҳамаҷониба нисбат ба амалисозии якҷояи барномаи  ракамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад.

"Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дар соҳаи навсозии технологияҳои муосир инкишоф меёбад. Бояд қайд кард, ки пешрафти кишвари мо аз сатҳи баланди рушди иқтисодӣ вобаста аст. Асри 21 на танҳо асри технологияҳои компютерӣ, балки инкишоф ва фаъолгардонии "шаҳрҳои доно", технологияи блоки блокчейн, чопи узвҳои инсонӣ дар 3D принтерҳо ва телетиб, инчунин марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани интеллекти сунъӣ дар тамоми соҳаҳои рушди кишварҳои ҷаҳон мебошад. Рушди технологияҳои муосир, таҷҳизоти муосири электронӣ ва мобилӣ, интиқоли таъмини барномавӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ ва ҷорӣ намудани саривақтии навовариҳои технологӣ яке аз афзалиятҳои ҳар як кишвар ба ҳисоб рафта, ин омил кафолати рушд ва пешрафти ҷомеа хоҳад буд",-гуфтааст вазир.

Дар ҷаласаи мазкур  масъалаҳои бақайдгирии электронии тандурустӣ ва тавсияҳои ТУТ, пешравӣ ва мушкилот зимни ҷорӣ намудани системаи иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ҳамчун афзалияти  лоиҳаи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ ва некӯаҳволии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳадафҳо вобаста ба мустаҳкамкунии соҳаи тандурустӣ ва некӯаҳволӣ ва ҷалби сармоя мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин дар ҷаласа оид ба “Пешниҳоди системаи иттилоотии тандурустии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ва кортҳои электронии саломатӣ ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ” Марта Эверард, намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, оид ба “Афзалиятҳо ва нақшаҳои оянда барои таҳкими системаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ва сармоягузорӣ” муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон  Мирҳамуддин Камолзода, оид ба “Пешравӣ ва мушкилоти системаи иттилоотии тандурустӣ дар Тоҷикистон: дарсҳои таҷрибавӣ аз даҳ сол баромад намуданд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорат қайд намудаанд, ки ҳатман рақамикунӣ бояд гузаронд, ки на танҳо гузариш ба формати электронӣ мебошад,  инчунин  ба таври  содда, кӯтоҳ ва ё осонгардонии амалиётҳои зиёди  коғазӣ ва пасон рақамикунии гузаронидан  лозим аст. Яъне ин фарқияти назаррас дар расмиёт ва усулҳои методологӣ дар табдили рақамии тиббӣ мебошад.

Қайд шудааст, ки бо мақсади рушди соҳаи рақамикунонии тандурустӣ дар кишвар бо дастгриии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҳамкорон оид ба рушд Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сифат Иннотех Инвест” дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ” ва дигар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муфиди ҳамкориро марҳила ба марҳила амалӣ мегардонанд.

Лозим ба зикр аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сифат Иннотех Инвест” соли 2018 таъсис дода шуда, таҳти шиори “Ҳамкорӣ ба хотири таъсис додани Тоҷикистони рақамӣ” фаъолияти хешро пеш бурда истодааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иқдом намудааст, ки тавассути таҳия ва татбиқи системаҳои ракамии тиббӣ, барномаҳои маҳсулотӣ, замимаҳои мобилӣ, автоматикунонии фаъолияти сохторҳои тобеӣ ва худи вазорат бо ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ, технологияи муосир ва ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ ба ҳадаф бирасад.

Барчаспҳо:
Душанбе, тиббӣ, тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ